Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тақвими рӯз: Аз 65-солагии Расулӣ то Рӯзи духтарон

Имрӯз, 24 январ мавлуд доранд:

 Шарофиддин Имомов (1956), 65-солагии зодрӯзи доктори илми таърих, профессор.

Ҳушёр Қаробоев (1951), 70-солагии зодрӯзи олими соҳаи техника.

Хайриниссо Расулӣ (1956), 65-солагии зодрӯзи журналист.

24 январ ҷашн гирифта мешавад:

Дар Британияи Кабир – Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)  дар Ҷанги дуюми ҷаҳон.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии духтарон.

 Рӯйдод:

24 январи соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз намуд.   

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои  аҳолӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯз соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.