Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таҳмина Раҷабова: Нанолидам, нанӯшидам, он чи буд, гуфтам!

Актриса ва ровии шинохта Таҳмина Раҷабова меҳмони барномаи “Корзина”-и  YouTube – канали pressa.tj буд ва розҳои нуҳуфтаи рӯзгорашро ифшо кард.

Аз Аълочии матбуот то гириста натавонистан

— Шумо Аълочии фарҳанг, телевизион ва радио ва матбуот ҳастед. Маълум аст, ки дар соҳаи телевизиону фарҳанг хизматҳоятон назаррасанд, аммо барои чӣ Аълочии матбуот доданд ба шумо?

Замоне ки ман дар телевизион кор мекардам, маводҳои чопӣ доштам, ки ба маъмурияти телевизион писанд омада буд ва барои дарёфти Аълочии матбуот маро пешниҳод карданд ва хушбахтона, онро гирифтам. Яъне, ин унвонро ҳамту туҳфа ба ман надодаанд.

Шумо инсони позитивӣ ҳастед, вале чаро дар дилхоҳ барномаҳои интернетиву телевизионӣ, ки меҳмон будед, фақат нолидед, аз рӯзгори гузаштаатон шиква кардед ва худатонро ғамдору ғамдида муаррифӣ кардаед?

Ҳар инсон, чӣ тавре ки хоҳад, ҳамон тавр қабул мекунад. Дар асл дар барномаҳое, ки ман аз рӯзгори гузаштаам нақл кардаам, нанолидаам, балки рӯзгори гузаштаамро нақл кардам. Аз ман хотираҳоямро пурсиданду ман ҷавоб додам. Гузаштаи ман ҳамон гунаест, ки нақл кардам…

Мақсади мо такрор ба такрор гуфтани як қиссаи ғамангез аст, ки аз ҷониби шумо гуфта шудааст…

Ман ҳам мақсади шуморо фаҳмидам, аммо бояд ба саволи журналистон посух гуфт.

Шумо бо Талабшо Муқимов дар охири соли 2013 дар барномаи телевизионие ба меҳмононатон, ки аксарият аҳли санъату фарҳанг буданд, шӯхиҳои ноҷо ва ҳатто нодуруст карда будед,  ки чунин шаклгирии барномаро ҳоло “пранк” мегӯянд. Дар пасманзари он “пранк” шикояту дашном, бадномкуниву бадзабонии бисёр дидан мумкин аст. Мо ин ҷо коҳи куҳнаро бод намедиҳем, балки танҳо ду чиз пурсиданием. Якум, шумо нӯшидагӣ будед? Ва дуюм, чӣ фоида гирифтед?

Худо дар болои сарам шоҳид аст, нӯшидагӣ набудам. 

— Талабшо чӣ?

— Ман бо чашмонам нӯшидани Талабшоро надида будам.

— Қисмати дувуми саволам…

— Мо дар телевизион кор мекардем ва дар омад-омади соли нав ҳамчун журналистони фаъол бояд барномаи солинавие таҳия мекардем. Идея аз Талабшо буд ва вақте ки бо ман суҳбат кард, писандам омад. Якҷоя такмил додем ва омода кардем. Фикр мекунам, ки бад набуд, ҳам диданӣ ва ҳам ҷолиб буд.

Ҳеҷ вақт аз ёдам намеравад, вақте ки баъди нашри барнома дар матбуот навиштанд, ки Ҳаётой Муъминова пас аз иштирок дар барномаи солинавии Талабшову Таҳмина ба маъмурияти Телевизиони Сафина шикоят кард, ки ӯро дилзанак кардаанд. Вале ин дар ҳоле буд, ки худи апаи Ҳаётой дар барнома гуфтанд: “Ман шодам, ки аз 13-14 — солагиям ҳамин хел нахандида будам ва раҳмат ба шумо”. Хулоса, дар он солҳо телевизион ва он нафароне, ки дар сари вазифа буданд, ба ин гуна шоу — барномаҳо омода набуданд. Фоидаи мо ҳамин ки табъи мардумро хуш кардем.

Чаро солҳои баъдӣ чунин барнома накардед?

Иҷозат надоданд.

Шумо дар вақти барномаи иттилоотии “Навид”, ки пахши мустақим буд, хандида будед ва ин дар телевизион хатои бисёр калон маҳсуб мешавад. То ҷое маълум, сабаби ханда кардани шумо дар вақти эфир ин касе ба шумо занг задаву наворбардор телефонро хомӯш карда натавонистааст. Дар ин маврид шумо дар бисёр мусоҳибаҳоятон гуфтед, вале танҳо як чизро нагуфтаед, ки мо мехоҳем ҳозир шумо бигӯед: ҳамон нафаре, ки занг зад ва сабаби хатои калон кардани шумо шуд, кӣ буд?

— Бовар кунад, ёд надорам. Кушед ҳам, ба ёд оварда наметавонам. Аммо яқин медонам, ки баъди он ман бо ягон нафар ҷангӣ ё ногап нашудам. Зеро гунаҳкори асосӣ худам будам. Ман бояд ба ҳеҷ ваҷҳ телефонро ба студия намедаровардам.

Барои чӣ аз “Сафина” рафтед?

Якум, барои он ки ҳама якранг шуд. Ман мехостам барномаи ҷиддӣ кунам, мусоҳибаҳои ростӣ, аммо иҷоза намешуд. Чун дидам, ки вазъиятро дигар карда наметавонам, канор рафтам. Ман бо ин гуфтаҳо  намегӯям, ки партофта рафтам. Як сол пешакӣ ба маъмурият гуфта будам, ки ман меравам ва баъди он ки дар риштаи коргардонӣ дар Русия дохил шудам, аризаи аз кор рафтанамро навиштам ва бо дуои устодон корро бас кардам.

Шумо дар “Инстаграм” як сурат мондаед ва дар он ҷо дар болои ҷойнамоз бо рӯймол нишаставу “селфӣ” кардаед, чаро ин тавр каред?

Агар ман бебаҳона ё сабаб ҳамту дар болои ҷойнамоз “селфӣ” мекардам, ин бемаънегӣ ва реклама ҳисобида мешуд, аммо ин сабаби хубе дошт, яъне рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон буд. Баъди намози бомдод сурат гирифта, дар саҳифаам мондам ва ба воситаи он моҳи шарифро ба ҳама обуначиҳои саҳифаам муборак гуфтам.

Шумо гуфтаед, ки ман дар ягон филм гиряи сохта накардаам, аммо пеш аз чунин лаҳзаҳо аз коргардон  хоҳиш мекунам, ки ба ман 20 дақиқа вақт диҳад, то ман омода мешавам ва гиряи табиӣ мекунам. Ҳоло мо ба шумо 20 дақиқа дода наметавонем, аммо талаб мекунем, ки як фазо, муҳим, образ, лаҳза, саҳна… созед ва гиря кунед.

— Дар асл акрёрӣ ин коре нест, ки бо як миг оғоз шавад, бо як миг анҷом ёбад. Ман ба ин суҳбат тамоман бо фикр, табъ ва хоҳиши дигар омадам ва ҳоло наметавонам бигирям ва агар бигирям ҳам, он сохта мешавад.

Аз ҳар зовия:

Аз асари як асар то шукрона

Асари як асар чанд муддат дар шумо мемонад?

Ҳар хел. Агар тахминан бигӯем як-якуним моҳ.

— Дар як сол дар чанд филм нақш офаред, ки барои пешбурди зиндагиятон басанда аст?

Буд соле, ки ман дар 4 филм нақш офаридам, аммо барои зиндагӣ камӣ кард. Имрӯз ман гуфта наметавонам, ки нақшофарӣ дар чанд филм барои гузаронидани рӯзгор басанда аст.

Гонорари якрӯзаи шумо аз чанд то чанд сомонӣ аст?

Дар ҳудуди Тоҷикистон аз  150 то 800 сомонӣ.

Агар кор накунед ва аз манбаи номаълум пул ёфта, зиндагӣ кунед, худатонро хушбахт ҳис мекунед?

Не, ин гуна зиндагӣ барои ман маънӣ надорад.

Барои чӣ баъзе одамон нони хӯрдан надоранд, аммо барои баъзеи дигар доштаашон аз даҳонашон зиёда аст?

Ин қонуни зиндагӣ аст. Барои он ки агар ин тавр набошад, дар зиндагӣ санҷиш намешавад. Яъне, одами сер бояд ба гурусна ёрдам кунад, гурусна аз ҷояш хезаду кор кунад. Аз ҷониби дигар, ман наметавонам бигӯям, ки ҳама одамони доро бо меҳнати худашон доро шудаанд, зеро ризқро Худо медиҳад. Масалан, бисёранд нафароне,ки меҳнат накардаанд, балки мерос мегиранд. Ва ба фикри шахсии ман бисёри нодорҳо барои он дасткӯтоҳанд, ки меҳнат намекунанд, тамбаланд.

— Шумо шукр мекунед?

— Албатта,

— Барои чӣ?

— Пеш аз ҳама, барои он шукр мекунам, ки ман одами Худобовар ҳастам. Яъне муъмину мусалмонам. Шукр мекунам, ки Худованд маро ба ҳамин замине, ки ин қадар меҳнат карда, ҳамаи чизро барои бандагонаш офаридааст, халқ кардааст, то ки ман бинам, эҳсос кунам, нафас кашам, бичашам, лаззат барам, фарзанд ба дунё орам… ва баъди ин ҳама неъматҳо чӣ тавр метавон шукр накард ва хурсанд набуд?

Ва ногуфта намонад, ки ҳар субҳи ман баробари чашмонам боз шудан мегӯям: шукр барои чашмони бино, забони гӯя, дастони гиро ва чор ишкили пуру дуруст.

Як ба як:

Аз актёр то “корзина”

— Ман як калима мегӯям шумо бо як калима ҷавоб диҳед.

— Хоб.

Актёр.

— Пластилин.

— Актёрӣ.

— Ҳаёт.

— Филм.

Зиндагӣ.

— Коргардон.

— Сохтмончӣ.

— Театр.

Зиндагӣ.

— Сенария.

— Қисса.

Телевизион.

— … парда.

— Журналист.

— Кунҷкоб.

— Ҳуқуқшинос.

— Мубориз.

— Шавҳар.

Ҳаёт.

— Фарзанд.

— Давом…

— Таҳмина.

— Мубориза.

— “Корзина”.

— Ҷолибият.

Аз хоста то охирин рӯз

Чанд сол умр дидан мехоҳед?

Ман намегӯям, ки фалон қадар сол, танҳо мегӯям, ки Худованд маро то пирӣ расонад, ҳузури фарзандонамро бинам, набераҳоямро бинам… 

— Мурдан ҳақ ва ин баҳснопазир аст. Ба фикри шумо пас аз мурдан чӣ гап мешавад?

— Аз китобҳои мусалмонӣ ҳар чизи, ки Худованд гуфтааст, хабар ва бовар дорам.

— Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаётатон бошад, чӣ кор мекунед?

— Бо аҳлу оила ва шукрона карда мегузаронам. Ва ҳамон соатро интизор мешавам, аммо бо тарс не, зеро вохӯрӣ бо Худованд мешавад.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.