Теъдоди гирифторони коронавирус ба 15004 раид

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.

Бино бар иттилои ин ниҳод, тайи шабонарӯзи охир, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст, вале 75 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
«Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 75 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 81 нафар шифо ёфтанд», — омадааст дар иттилоия.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 30 июл дар кишвар 15004 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14470 нафар (96,4%) шифо ёфтаанд.
Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар дар замони пандемия ба 121 нафар мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *