Темур бо медали нуқра баргашт

Темур Раҳимов, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи Вaku Grand slam — 2021 дар риштаи ҷудо медали нуқра ба даст овард

Ҷудокори тоҷик, Темур Раҳимов, ки дар даври нимниҳоӣ рақиби олмонияш, Ҳейнле Свенро шикаст дода буд, дар марҳилаи ниҳоӣ аз рақиби ҷопонияш шикаст хӯрд.

Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар финал бо Саито Татсурои ҷопонӣ вориди майдон шуд. Ин зӯрозомоӣ барои медали тило шоми 7 ноябр бо пирӯзии паҳлавони ҷопонӣ анҷомид.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Раҳимовро мухлисону ҳаводоронаш шодбош гуфта, медали нуқраро низ дар чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дастоварди бузург хонданд.

Зикр бояд намуд, ки ахиран паҳлавони дигари тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки аз номи Русия дар мусобиқаи Grand slam Baku — 2021 иштирок мекард, рақиби ҷопонияшро шикаст дода, ҷойи аввалро гирифт.

Маҳмадбеков дар Русия ба сар мебарад ва дар мусобиқаҳо аз ном ин кишвар баромад мекунад.

Дар маҷмуъ дар шаҳри Боку, Маҳмадбеков дар вазни 73 кило, дар 5 рақобат ҳарифонашро шикаст дода, дар финал варзишгари ҷопониро низ мағлуб кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *