Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Темурланг-писари раиси КДАМ, ки балони мошин медуздид, сафед мешавад

Суди шаҳри Бишкек қарори марҳилаи аввалро нисбати Тамерлан (Темурланг) Тошиев, писари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиевро бекор кард, менависад АКИpress бо истинод ба хадамоти матбуотии Суди шаҳри Бишкек.
Баррасии дуюми шикояти кассатсионии адвокатҳо Ташиеви хурдиро қисман қонеъ кард ва аз суд талаб карда шуд, ки ӯ сафед карда шавад.
Дар натиҷа, парвандаи ҷиноятӣ барои баррасии дигарбора ба Суди ноҳияи Октябр фиристода шуд.
Писари Тошиев 1 декабри соли 2013, замоне,ки полис донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахтро барои чархи мошиндуздӣ боздошт кард, ки дар байни онҳо Тошиеви хурдӣ низ буд. Хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии Бишкек он замон гуфта буд, ки ҷавонон ба кӯшиши дуздии чархҳои мошини Honda Accord, ки дар микрорайони 5-ум истода буд, гумонбар мешаванд.
Гумонбарон дар автомашинаи Мерседеси Тамерлан Тошиев буданд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми азназаргузаронии мошин 8 дона хишт, 20 дона болтҳои нигоҳдорандаи чарх, 3 калиди чарх ва як домкрат ёфтанд. Пулис тибқи моддаҳои 28-164 (“Кӯшиши дуздӣ”) ва моддаи 156 (“Ҷалби ноболиғ ба содир кардани ҷиноят”) -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Дар ҷараёни тафтиш Суди ноҳияи Октябр ҳамаи айбдоршавандагони парвандаро ҳабси хонагӣ кард ва пас аз як сол полис маводи парвандаи ҷиноиро ба ҳамон суд супурд. Аммо . ҷабрдидагон аз дастгирӣ кардани иттиҳомот саркашӣ карданд ва мурофиаи судӣ нисбати писари мансабдор қатъ карда шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.