Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толеъномаи 25-уми августи соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нимаи аввали рӯз барои ба анҷом расонидани корҳоятон кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Баъди нисфирӯзӣ дар касбу кор ва ҳаёти шахсиятон мушкилӣ сар мезанад. Ба манзили истиқоматии худ диққати бештар диҳед, хатари рух додани сӯхтор ё ба доми ғоратгарон афтиданатон имкон дорад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Бурдборӣ ҳар лаҳза метавонад аз шумо рӯй гардонад, аз ин рӯ, корҳои қаблан саркардаатонро ба анҷом расонед. Нимаи дуюми рӯз рӯҳафтодагӣ ва фишори рӯҳӣ имкон дорад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, аз рафтору гуфтори қабеҳ худдорӣ намоед. Аз нафаре кӯмаку дастгириро интизор набошед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба назди дандонпизишк ва табиби чашм рафтанро тавсия намедиҳем. Бемориҳое, ки дар ин рӯз пайдо мешаванд, табобаташон тӯл мекашад. Хабару овозаҳои дилхарош мешунавед, вале дар сари эҳсосот ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон камбудие дида намешавад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Мушкилиҳои молиявӣ имкон доранд. Нерӯи дучандатон ба атрофиён шодиву нишот мебахшад. Нимаи дуюми рӯз нисбати саломатии худ ва наздиконатон бодиққат бошед: имкони хурӯҷ намудани бемориҳои сироятӣ, ҷароҳат бардоштан ва рух додани ҳодисаҳои нохуш зиёд аст. Даромади иловагӣ хотиратонро шод мегардонад.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз рух додани ҳодисаву рӯйдодҳои зиёде имкон дорад. Кӯшиши бедор кардани рашки шахси дӯстдоштаи худро накунед, вагарна байнатон сардӣ меафтад. Ба касе қарз додану аз касе қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Аз шамолхӯрӣ ва зуком эҳтиёт кунед ва ба худтабобаткунӣ машғул нашавед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Бо сабаби якравӣ ва рӯирост гап заданатон дӯстони зиёдеро аз даст медиҳед. Ба ғалат роҳ надиҳед ва аз гуноҳу айби нафароне, ки дар лаҳзаҳои душвор дастгири шумо буданд, гузашт намоед. Дар ин рӯз дар муносибатҳои ошиқона бурдборӣ ҳамсафаратон мегардад. Даромади иловагӣ дар назар нест.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ба пешвози нафароне бароед, ки ҳамроҳатон дар ҳаёт якҷоя қадам гузоштан мехоҳанд. Ҳам бо шарикони корӣ ва ҳам шахси дӯстдоштаатон забон ёбед. Нисбати атрофиён аз ҳад зиёд сахтгир набошед, вагарна табъатон нохуш мегардад. Дар ин рӯз бо қиморбозӣ ва бозиҳои пулакӣ машғул шудан қатъиян манъ аст.    

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар бораи дӯсти наздикатон гаперо мешунавед, ки боиси асабхаробиятон мегардад. Ҳангоми ба роҳи дур сафар кардан, на танҳо ҳуҷҷатҳои даркорӣ, балки ҳамсафарони хубро интихоб намоед. Нӯшидани як пиёла лимӯчой бо асал, на танҳо бехобиро рафъ, балки зукомро пешгирӣ карда метавонад.    

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хубест барои робита бо дӯстон, қабули меҳмонон ва дилхушӣ кардан. Хароҷоти ногаҳонӣ ё гум кардани маблағ имкон дорад, аз ин лиҳоз, пулҳоятонро эҳтиёт кунед. Хобҳоятон баръакс амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани ҷашну шодӣ боиси нобарорӣ ё бад шудани вазъи саломатӣ мегардад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар дӯстдошта дошта бошед, ин бегоҳ ҳамроҳаш бошед. Рафту муҷаррад бошед, барои шинос шудан омода шавед. Ҳангоми ба бозору мағоза рафтан эҳтиёт кунед, эҳтимоли фиреб хӯрдану харҷи зиёд карданатон зиёд аст. Инчунин, аз истеъмоли хӯроки гӯштдор ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Аз нафарони асабие, ки шуморо ба кирдори ғазаболуд водор месозанд, худро дур гиред. Барои ба эътидол овардани корҳои тиҷоратӣ ба шумо донишу малака лозим аст. Умеду орзуҳоятон дар ин рӯз амалӣ намешаванд. Дӯстдоштаатон аз бепарвоии шумо сахт ранҷидааст. Танҳо туҳфа метавонад яхи дилашро об гардонад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ҳангоми робита бо наздиконатон хеле боэҳтиёт бошед. Дар ҷое, ки бояд нозукона рафтор намоед, ба ҳеҷ ваҷҳ сахтгирӣ накунед. Вақти он расидааст, ки дар бораи касбу кори нав ва даромади иловагӣ андеша намоед. Бо шахси дӯстдоштаатон на танҳо дилсиёҳӣ, балки ҷудошавӣ низ имкон дорад.    

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.