Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон даст аз Панҷшер бардоранд!

Тоҷикони муқими шаҳри НюЙорки Амрико барои ҳимоят аз мардуми Панҷшери Афғонистон ба назди бинои СММ рафтанд

Талабшо Муқимов, рӯзноманигор тоҷик дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ навори тазоҳуроти тоҷикон дар назди бинои СММ-ро нашр кардааст.

Гуфта мешавад, ки даҳҳо нафар тоҷикони муқими шаҳри Ню-Йорк барои ҳимоят аз мардуми Панҷшери Афғонистон дар назди бинои СММ даст ба тазоҳурот задаанд.

“Айни хол: New York, Назди Бинои СММ, ҳамоиши эътирози барои ҳимояи Панҷшери Афғонистон барои ҳифзи ному замини Тоҷикон!”, -навиштааст Талабшоҳи Муқим.

Ҳамчунин вай таъкид доштааст, ки ҳамоиш тахти шиори “Сулҳ ба Афӯонистон ва адолат ба Панҷшер” баргузор шуд.

Ай ҳамватан бедор шав!

Ёдрас мешавем, ки моҳи август дар заминаи баровардани низомиёни Амрико Толибон* ҳамаи шаҳрҳои калон ва гузаргоҳҳои сарҳадиро ишғол карда, аз анҷоми ҷанги бистсола эълон карданд.

Дасти таҷовуз аз Панҷшер бардоред!!!

Ягона вилояте, ки зери таъсири Толибон* набуд, Панҷшер аст.

Дар ин минтақа – таҳти роҳбарии фармондеҳи ҷавон Аҳмад Масъуд – нерӯҳои муқовимат мустақар шуд.

Ҳам Толибон* ва ҳам Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз муваффақиятҳои худ хабар медиҳанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бедор шав! Толиб дорад бедодгариҳо мекунанд!

Чанд рӯзи ахир аз ин минтақа хабарҳо гуногун мерасад. Расонаҳо аз ваҳшиятҳои Толибон* нисбати ғайринизомиён хабар медиҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.