Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон хонаи ҳукматдоронро фурӯхта барқ мехаранд

Тавре ширкати миллии барқи Афғонистон (Брешно) гуфтааст, ният дорад амволи мансабдорони собиқи ҳукумати Афғонистонро барои пардохти қарзи барқ ​​фурӯшад.

Дар пайи нигарониҳо дар бораи қатъи барқ ​​дар Афғонистон, ширкати «Брешно» тасмим гирифт, ки дороиҳои мансабдорони собиқро, ки пули барқро пардохт накардаанд, фурӯшад.

Дар ин бора Сафиуллоҳ Аҳмадзай, сардори шӯъбаи амалиёти Ширкати миллии барқи Афғонистон (Брешно) гуфтааст.

Аҳмадзай гуфтааст, ки пас аз анҷоми раванд ва тасвиби ҳукумати муваққатӣ («Толибон»(дар Тоҷикистон мамнӯъ)), ширкат ба фурӯши амволи қарзгирон ва мансабдороне, ки Афғонистонро тарк кардаанд, оғоз мекунад.

Аммо  роҳбари собюиқи «Брешно» гуфтааст,ки  иқдоми пешниҳодкардаи «Толибон*» метавонад танҳо дар муддати кӯтоҳ мушкилотро ҳал кунад.

«Миқдори пул дар беҳтарин ҳолат барои пардохти бахше аз қарзи барқ ​​ҷамъоварӣ мешавад, аммо дар ниҳоят он мушкиле, ки ширкат бо он рӯбарӯ аст, ҳал намешавад», — мегӯяд, Амануллоҳ Ғолиб, собиқ роҳбари  «Брешно».

Афғонистон аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон 62 миллион доллар қарздор аст. Баъд аз омадани Толибон ҷамъоварии даромади нерӯи барқ ​​70% кам шудааст. Дар робита ба ин, ширкат аз дафтари Созмони Милал дар Кобул кумак хостааст.

Қаблан президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов  гуфта буданд, ки ҳар ду кишвар кумак ба Афғонистон, аз ҷумла барқро идома медиҳанд.Тоҷикистон низ додани барқро ба Афғонистон қатъ накардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.