Вайбер боиси марги зану ҳабси шавҳар гардид

Сокини ноҳияи Спитамен барои лату кӯби шадид ва ба худкушӣ расонидани завҷааш 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 1-уми августи соли 2019 аз соати 2 то 4-и шаб Абдуллоева П.М. аз ҷониби Мамаҷонзода М. бинобар пок кардани рақами телефони мобилии “Фарангис” ном духтар аз хотираи телефон зери лату кӯби шадид қарор гирифтааст. Духтари мазкур дӯсти шавҳараш буда, онҳо тавассути “Вайбер” 31-уми июли ҳамон сол суҳбат кардаанд.

Абдуллоева аз ин муомилаи бераҳмона ва паст задани шаъну шарафаш аз тарафи шавҳар тоб наоварда, маҳлули сирко истеъмол карда, сӯиқасд ба худкӯшӣ кардааст. Мамаҷонзода моҳи январи соли 2019 дар асоси ақди никоҳи мусулмонӣ бо шаҳрванд Абдуллоева оила барпо кардааст. Ӯ дар давоми зиндагии якҷо мунтазам нисбат ба ҳамсараш муносибати бераҳмона карда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, шаъну шарафашро паст задааст. Прокурори ноҳияи Спитамен нисбат ба Мамаҷонзода бо моддаи 109-и КҶ ҶТ (Ба худкушӣ расонидан) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суд фиристод. Мамаҷонзода бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 5 сол таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *