Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазири нави меҳнат дар сари қабри модараш савганд ёд кард

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки нав дар ин мақом таъин шудааст, ба сари мазори модараш омад ва гулчанбар гузошт. Пеш аз оғози фаъолият дар ин ниҳод ба ибораи худаш “савганди ҷавонмардӣ ва савганди фарзандӣ” ёд кардааст.

Ӯ дар муроҷиати хеш дар саҳифаи Фейсбук чунин менигорад:

-Дўстони бисёр хубам, имрӯз бо амри тақдир ҳамчун фарзанди ин Ватани муқаддас дар хидмати мардум қарор доштан насибам гаштааст. Ҳанӯз дар фараҳи савганди ҷавонмардии Ҷаноби Олӣ будам, ки рисолати роҳбарии як ниҳоди калидии ҳукуматро бароям бовар карданд. Ва ин рӯзи таъинот ба рӯзи зодрӯзи модари деҳотии шаҳрнишинам (равонаш шод боду биҳишти барин маъвояш) иттифоқ афтод, ки дар тарбия ва донишомӯзии ман саҳми бориз дошт. Нафаре буд дар ҳаётам хеле азиз, чунки тамоми хислатҳои неки инсониро доро буд ва мо фарзандонро дар ин рӯҳияву муҳит ба воя расонидааст. Бо он, ки як куҳистонзода буд, зани порсосифату  подшоҳиммат, ғурурафкану боҷуръату пурҳиммат ва бо ин ҳама ниҳоят хоксор, самимӣ ва заминӣ буд. Волидони равоншодам ҳамеша талқин мекарданд, ки меҳнати ҳалолу содиқона ба мардум дар ҳисобу инобат аст. Вазифа ва мансаб, пеш аз ҳама масъулият, ҷиддият ва иштирок дар инкишоф аст, хизмати ҳалолу содиқона аст.

Фазои маҷозии фейсбук таманниёти неки хар кадоми Шуморо тушаи раҳнавардиам дар роҳи бисёр фароху пурмасъул расонидааст. Барои сазовор будан ба он ҳама боварие, ки ба донишу таҷрибаам шудаасту Шумо дар чанбари доварӣ нишастаед, дар амалӣ гардидани ҳадафҳои соҳавӣї бо камари ҳиммат саъю талош хоҳам дошт. Дастагулҳое, ки бароям муборакбодї фиристодед, рӯи манзили модарам ҳадя бурдам ва ба модарам савганди фарзандӣ қавл додам. Дар роҳи амалишавии ин савганди фарзандӣ садоқату матонат, ҷасорату иродатам нисоратон бод. Сипоси фаровон аз эътирофу эътимоди Шумо азизон!

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва таҳсилдидаи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон мебошад. Бо  забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ ва ҷопонӣ озодона суҳбат мекунад. Ӯ ҳамагӣ 42 сол дошта, зодаи шаҳри Душанбе мебошад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj