Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазирони кишоварзӣ дар Душанбе ҷамъ мешаванд. Нархи сабзӣ арзон мешавад?

Шашумин ҷаласаи вазирони кишоварзии узви кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) санаи 12 август ба сурати маҷозӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати кишоварзӣ.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин нишаст мақомоти бахшҳои чорводорӣ ва гиёҳпизишкии кишварҳои узви СҲШ ширкат мекунанд.
Тибқи иттилои манбаъ, қарор аст, дар ин ҷаласа роҳҳои тақвияти ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шавад.
Ёдрас мешавем, ки Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Покистон узви Созмони Ҳамкориҳои иқтисодии Шанхай мебошанд.
Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои нозир ва кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шриланка низ шарикони иқтисодии ин созмон ҳастанд.
Ҳамаи ин хуб аст,аммо барои шаҳрванд муҳимтар он аст,ки ин ҷаласа ба арзоншавии нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад?

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.