Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Замин аз он ҷумбад, ки гӯяд, ғанимат дон, ки дар рӯи Заминӣ…?!

Аз аввали рӯзи 12.07.212 дар Тоҷикистон якбора ду ларзиши замин бо фосилаи чандсоата ба қайд гирифта шудааст

Аз замони заминларзаи шадиди харобиовар, ки 10 июл дар Тоҷикистон рух дод, ҳамарӯза дар кишвар заминларза ба қайд гирифта мешавад.
Субҳи 12 июл дар ҷумҳурӣ ду заминларза рух дод. Аввалин ларзиш, бино ба иттилои Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, соати 08:20 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

“Зилзила дар 39-километрии ҷанубу шарқи Рашт ба қайд гирифта шуда, шиддати он 4,3 арзёбӣ шудааст. Чуқурии он тақрибан 15 километрро ташкил медиҳад”, – иттилоъ додааст, ин марказ.

Заминларзаи такрорӣ соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ рух дод.
Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, шиддати заминларза 3,8 балро ташкил дода, дар ин кишвар низ эҳсос шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора ҳоло шарҳе надод. Дар бораи талафот ва харобиҳо гузориш дода нашудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.