Нигаронии нобиноён. Соҳибкорон бозори онҳоро танг кардаанд

Дар ҷомеаи имрӯз зиёд ба талбандагоне рӯ ба рӯ мешавем, ки дасти гиро, пойи равон, чашми бинову гӯши шунаво доранд, аммо ба талбандагӣ рӯ овардаанд, аниқтараш, одат кардаанд.

Аз талбандагӣ ҳазар мекунем

Гоҳо бо нафароне низ рӯ ба рӯ мешавем, ки нуқсонҳои модарзодӣ доранд ё бо сабабҳои дигар иллатӣ шудаанд, вале бо вуҷуди ин, бо меҳнати ҳалол нон ёфта, зиндагӣ мекунанд.

Яке аз чунин нафарони рӯшандил, яъне нобино директори Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноён дар шаҳри Хуҷанд Акрам Бобокалонов мебошад. Ин мард бо вуҷуди нобино будан ниятҳои зиёд дорад ва кӯшиш дорад, ки барои амалӣ намудани онҳо роҳу роҳбароне пайдо кунад, то ҳамтақдиронашро бо ҷои кор таъмин созад.

Акрам Бобокалонов масъулияти роҳбарии 50 нафар кормандони Маркази нобиноёни шаҳри Хуҷандро бар дӯш дорад ва худро аз нафарони комилан солим кам намешуморад. Шукргузорӣ мекунад, ки Худованд ӯро аз чашми бино кам карда бошад ҳам, аз пойи равону дасти гиро бенасиб нагардонидааст. Ӯ бо меҳнати ҳалол ва тавони худ нон ёфтану зиндагӣ карданро шиору сармашқи кори худ қарор додааст.

“Пайваста ба кормандонам мегӯям, ки асло рӯ ба талбандагию тамаъҷӯӣ наоранд. Зеро барои инсон талбандагӣ амали пасттарин аст. Шахс хоҳ солим бошад, ё хоҳ имконияти маҳдуд (ҷуз барҷомондагӣ ва девонагӣ) дошта бошад, бояд кӯшиш кунаду нонашро ёфта хӯрад. Меҳнати ҳалол кунад. Мо аз талбандагӣ ҳазар мекунем”,- афзуд Бобокалонов.

Бозорамонро танг карданд

Бобокалонов мегӯяд, ки кормандони ӯ ҳар ҳафта се рӯз ба кор меоянд ва ба истеҳсоли ду намуди халта машғул мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, солҳои қаблӣ доираи фаъолияти кории аъзои ҷамъияти нобиноён густурда буд. Онҳо ба истеҳсоли ресмончаҳо, матоъҳо барои пояндоз ва халтаҳо машғул буданд. Моли истеҳсолкардаи онҳо ҳам ба бозор бароварда мешуд ва ҳам фармоишгарон омада мебурданд. Аммо солҳои охир ҳамагӣ ду намуди халта истеҳсол мекунанду халос.

Сабабро Бобокалонов дар бозори онҳоро танг кардани дигар соҳибкорон медонад. Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи қонунҳои ҷории кишвар, аслан моли истеҳсолкардаи афроди нобиноро набояд дигарҳо истеҳсол кунанд, аммо солҳои охир дигар корхонаҳо маҳсулоти пештар истеҳсолмекардаи кормандони Ҷамъияти нобиноёни шаҳрро истеҳсол ва бозори онҳо танг кардаанд.

Русия талабгор аст

Муовини маркази ҷамъияти нобиноёни шаҳри Хуҷанд Абдусаттор Ҷалолов маъюби гуруҳи якуми чашм аст. Номбурда роҳбари қаблии маркази нобиноёни шаҳри Хуҷанд аст ва аз сабаби расидан ба синни нафақа, ҳоло вазифаи муовинро иҷро мекунад. Аз рӯи нақли ӯ, замони шӯравӣ фаъолияти марказ хеле густурда буд ва наздики 500 нафар дар он кор мекарданд.

Он солҳо марказ дар наздикии “Автовакзал”-и шаҳр ҷойгир буд ва барои бошандагон нақлиёти дохилишаҳрӣ мушкил надошт. Аммо вақте онҳоро ба маҳаллаи 27-уми шаҳр кӯчониданд, аз сабаби дурии роҳ, камбуди нақлиёти дохилишаҳрӣ, ба синни нафақа расидан ва дигар омилҳо сафи кормандон якбора кам шуд.

Солҳои шӯравӣ молҳои истеҳсолкардаи кормандони Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Хуҷанд 60-70% ба Русия содирот мешуд ва барои онҳо, ки худмаблағгузор ҳастанд, хушҳолӣ буд. Аммо имрӯз дастрасӣ ба техникаҳои лозима, ашёи хом мушкилоти онҳост, ки аз 475 нафар аъзо ҳамагӣ 45 нафар, яъне 10% ба кор ҷалб шудаанд.

Нобиноён, чун ҳамаи дигар шаҳрвандони дорои имконоти маҳдуди Тоҷикистон замони душвореро паси сар мекунанд. Бемории ҳамагир ва бекорӣ вазъи иҷтимоии онҳоро бадтар кардааст. Аъзои ҷамъияти зикршуда, ки дар як ҳафта се рӯз ба кор мебароянд, ҳамагӣ 200 сомонӣ маош мегиранд. Нафақаҳои онҳо аз рӯи маъюбият муқаррар гардидааст. Дар ин замони қимматии нархи маҳсулот дар бозор яқинан маош ва нафақаи онҳо нокифоя аст барои зиндагӣ.

Аксари нобиноён мехоҳанд, ки кор кунанд, аммо ҷои кор ёфта наметавонанд. Роҳбарони корхонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, ки дар назди ҷамъиятҳои нобиноёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амал мекунанд, набудани ҷойҳои кориро бо имкониятҳои маҳдуди корхонаҳо алоқаманд медонанд. Онҳо мегӯянд: ”Мо шуморо ба кор мегирем, агар ба маҳсулоти истеҳсолшудаи мо талабот пайдо шавад!”.

Ба ақидаи аксари коршиносони бахши ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, масъалаи таъмини шаҳрвандони бекори имконоташон маҳдуд бояд дар сатҳи ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ гардад.

Ҳукумат бояд иқтидор ва таҷҳизоти бахши саноатии кишварро ҳамаҷониба омӯхта, фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватаниро бо назардошти ба кор ҷалб кардани шахсони имконоташон маҳдуд ҳамоҳанг намояд. Илова бар ин, ба кишвар ворид кардани маҳсулоте, ки монандашон дар корхонаҳои ватанӣ бароварда мешавад, манъ карда шавад. Ҳамзамон, барои беҳсозии сифати маҳсулоти истеҳсолшавандаи чунин корхонаҳо бо ҳар роҳ бояд мусоидат кард.

Баробари роҳанзодии масъалаи болозикр, эҳтимол даҳҳо мушкили қишри нобинову ношунавои ҷомеаи мо ҳалли худро пайдо кунад.

Фарзона МУРОДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *