Нигаронии Нуриддин Саид аз фаъолияти ТВ-ҳои кишвар ва даъвати донишҷӯён ба кор

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи имрӯзаи телевизионҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда, ба кори кормандон баҳои паст дод. Аз ҷумла номбурда гуфт, ки бархе журналистони мо моҳияти барномаро дарк намекунанд.

Нигаронии ӯ 31 марти соли равон зимни мулоқот бо донишҷӯёни факултети журналитсикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар маҷлисгоҳи кумитаи мазкур баргузор гардид, садо дод. Дар вохӯрии Нуриддин Саид аслан донишҷӯёни курси 4-уми факултети журналистикаи ДМТ иштирок доштанд.

Нуриддин Саид иброз дошт, ки мувофиқи фармони Президенти кишвар ду шабакаи телевизионӣ: “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “Илм ва маориф” таъсис меёбад. Ба гуфтаи Нуриддин Саид, ҳар як шабакаи нави телевизионӣ ниёз ба 143 нафар мутахассис дорад. Раиси Кумитаи телевизион ва радио донишҷӯёни болаёқати курси 4-и факултети журналистикаро ба кор даъват кард.

Нуриддин Саид мегӯяд, ки минбаъд дар шабакаҳои телевизиони кишвар тағйироти куллӣ сурат мегирад. Аммо ин ислоҳоте, ки раиси Кумита мехоҳад чист, шарҳ надод.

Танҳо раиси навтаъини Кумитаи телевизион ва радио ваъда дод, ки журналистони ҷавонро бо хонаҳои истиқомотӣ таъмин мекунад. Интизор меравад, ки аз ҳисоби кумитаи мазкур бинои истиқоматии баландошёна сохта ба истифода дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *