Дарёи вахш ҷони як духтари 16 соларо аз байн бурд

Рӯзи 30-уми март ҷасади духтари ноболиғ бо гумони ғарқшави дар об аз соҳили дарёи Вахш пайдо гардид. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Баъди дарёфти хабари телефонӣ Дастаи махсуси зудамали наҷоти  Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва Дастаи зудамали наҷоти Шуъбаи Кумита дар минтақаи Кӯлоби вилоят ба ҷои ҳодиса сафарбар гардидаанд.

Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ғаввосӣ ва давр задани атрофи минтақа тақрибан соатҳои 13:20 дақиқа ҷасади номбурдаро дар чуқурии 15-20 метр пайдо ва ба мақомоти дахлдор ва хешу наздиконаш супориданд.

Маълум гардид, ки марҳум сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Данғара буда, ҳамагӣ 16 сол доштааст. Бино ба иттилои пешакӣ номбурда дар наздикии обанбори Сангтӯда-2 дар дарёи Вахш ба сабабҳои номаълум ба об афтодаву ғарқ шудааст.

Сабаби ин ҳодиса дақиқан маълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои аниқ кардани сабаби ғарқ шудани духтари ноболиғ тафтиш оғоз кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *