Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муҳаммадшариф РУСТАМЗОДА: Нуриддин Саид вазири ба халқ наздик аст

Нуриддин Саид ягона вазирест, ки дар ҳар рӯзи қабул бо ҷонишинонаш ба истиқболи шаҳрвандон мебарояд. Боре надидаам, ки ягон нафар бо димоғи сӯхта аз ҳузури ӯ баромада бошад. Вазир на дар ҳуҷраи кориаш, балки дар ошёнаи аввал дар шуъбаи умумӣ қабул мекунад. Борҳо дидаам, ки ин корро дар даромадгоҳ, роҳрави Вазорат низ анҷом медод ва ҷонишинонаш мизу курсӣ гузошта, дар ҳамон долон менишастанд.

Муҳаммадшариф РУСТАМЗОДА

Андеша баъди рӯзи қабул

Бознашр аз «Фейсбук»


Ленин сиёсатро дӯст медошт? На! Вагарна онро ба касби номақбули занона монанд намекард. Аммо илоҷ нест, худро аз сиёсат дур гирифтан имкон надорад, беихтиёр ба он олуда мешавӣ, ҳамин тавр, ҳамеша аз рафтору кирдори ҳар яки мо бӯи сиёсат ба машом мерасад, ки он, албатта, ҷониби ин ё он «изм» мекаловад. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин «изм»-ҳоро ёдовар нашавед, зеро он моли гузашта аст, ҳозир нест. Аммо ман мегӯям, ки ин «изм»-ҳо дар рӯҳу равон, забону афкори мо ҳастанд ва дар гуфтору рафтору пиндорамон рӯ мезананд. Намунаи он пантуркизм, панэронизм, нигилизм аст. Пантуркизм чизи маълум, ҳоҷат ба баён нест. Гап дар бораи панэронизм меравад, ки баъзан аз пантуркизм ҳам хавфноктар аст. Дар вақташ устод Айнӣ дар мақолаҳои публитсистиаш дар нимаи дуюми солҳои бистум ва солҳои сиюм ин равияро сахт танқид карда буд. Агар пантуркизм мавҷудияти халқеро бо номи тоҷик дар Осиёи Марказӣ рад карда, онҳоро ӯзбеконе, ки бо таъсири мадраса ва забони форсӣ форсзабон шудаанд, номад, имрӯз панэронистони навбаромад тамоман зидди калимаи тоҷиканд. Агар пантуркистон ақидаашонро исбот карда наметавонистанду бисёр вақт пешпо мехӯрданд, панэронистони тоҷики имрӯза беихтиёр ба дасти онҳо об рехтанд, чунки мегӯянд: калимаи «тоҷик» нест ва ин истилоҳест сохтаи рус (магар рус кори дигар надошт?!). Ин ба он монанд аст, ки аҳмақе дар шохи дарахт (агар онро дарахти бузурги забони форсӣ номем) нишастааст ва онро аз бехаш бурида, чунон ба замин меафтад, ки мағзи сари шӯридааш пош мехӯрад. Ман намедонам, панэронистони навбаромад чаро ба калимаи тоҷик ва тарзи сухангӯии ин мардум душмананд. Бадбахтона, бештари онҳо аз насли ҷавон ва миёнсоланд, гапи аз худ калонро гӯш намекунанд, дар ҳоли экстаз (ҳаяҷон) метавонанд кирдори нобахшидание содир намоянд. Онҳо ба илму муҳокимаҳои илмӣ одат накардаанд, ҳатто сиёсатро дуруст наомӯхтаанду намедонанд, илм майнаю асаби оромро мехоҳад, аммо онҳо асаби ором надоранд. «Изм»-и дигар нигилизм аст, ки бо асабонияташ ба пантуркизму панэронизм наздик мебошад. Психологияи нигилистро беҳтар ва равшантар аз ҳама Достоевский дар асари безаволаш «Ҷин» («Бесы») тасвир кардааст. Кори асосии нигилистон дар ҷомеа паҳн кардани овоза, шӯру исён, воҳимаю бетартибӣ (хаос) мебошад, дар ин роҳ онҳо аз дурӯғ рӯ намегардонанд, ҳамарову ҳама чизро бад мегӯянд, бо ин рафтори ноҷавонмардонаашон байни инқилобчиён рӯсиёҳ гаштаанд. Тротский яке аз намунаи нигилистон аст, ки ҳарчанд Ленин ӯро ҳамчун донишманд эътироф мекард ва аз Сталин боло мегузошт, барои хислати шӯрангезиаш аз ӯ эҳтиёт шуданро таъкид мекард. Чунин хислат буд, ки Тротский дар як мамлакати фарангӣ ҳангоми оби ҷавнӯшӣ баъди бо шӯру исён дар бораи Россия гап заданаш бо дӯлчаи пиво ба сараш хӯрда ҷон бохт. Яъне, оқибати хуб надорад нигилизм. Намунаи чунин рафторро дар шӯру фиғони дар атрофи забони русиро надонистани вазири маориф Нуриддин Саид барангехтаи баъзе нигилистони имрӯза дидан мумкин аст. Онҳо дар ин бобат хулқу хӯи Пётр Степанович Верховенский (прототипи С. Нечаеви нигилист, авантюрист, аз ин ҷо ҷараёни нечаевчигӣ пайдо шудааст)-ро аз асари зикршудаи Достоевский такрор мекунанд. Барои нигилистон масъалаи хурду калон аҳамият надорад, муҳим бетартибӣ (хаос) ба миён ояд. Онҳо ҳар кирдорашонро барои иҷрои ҳадафи калонтаре, ки зидди давлату миллат нигаронда шудааст, роҳандозӣ менамоянд. Ба баромади нигилист таваҷҷуҳ намоед: «Мы уморим желание, мы пустим пьянство, сплетни, донос; мы пустим неслыханный разврат; мы всякого гения потушим в младенчестве» (Ф. Достоевский. Собр. соч., т. 7, 1990, стр. 392). Бале, ҳадафи нигилист ноором кардани ҷомеа, барангехтани ошӯб аст, бо куштору сӯхтор, ҳақорату дашном, таҳқиру таҳвин бошад ҳам. Ба ин монанд, масъалаи забони ғайрро надонистани Нуриддин Саид ҳарчанд хурду ночиз аст, барои ҳадафҳои калонтар ба роҳ андохта мешавад.
Кору амали Нуриддин Саидро бо тақозои вазифа бисёр ба мушоҳида гирифтаам. Принсипи ҳаётии ӯ ҳамин гуфтаҳои Конфутсий аст: «Агар мардум маро нашиносанд, ҳеҷ қисса нест. Ман аз он метарсам, ки мабодо рӯзе ман мардумро нашиносам».

Рӯзе аз назди бинои асосии ДМТ мегузаштам, ки одами зиёдро дидам; дар дохили порчаи замин ректор Нуриддин Саид почаи шим барзадагӣ бо каланди бобоӣ хоки рехтаро паҳн мекарду ҳамроҳонаш- устодони донишгоҳро ҳадаҳа мекард, ки «ҳа, бачаҳо, суст наоед, магар зӯри мо, ин қадар профессор, ба як мошин хок намерасад?!» Бале, он рӯз шанбегӣ буд. Дар бисёр муассисаҳо, ҳатто муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дар рӯзҳои қабул ба дидори роҳбар расидан амри маҳол, илова ба ин саду як посбону мушовир асабатонро вайрон мекунанд. Аммо Нуриддин Саид ҳама ҷо дастрас аст. Дар куҷое рост ояд, бо ӯ суҳбат мекунанд ва як сухани бадоҳатан гуфтаашро неку бад иқтибос меоранд. (Ба нияти нек бошад, дарди бахайр).

Ҳафтаи гузашта, рӯзи шанбе дар рӯзи урфии қабули вазири маориф аз забони омӯзгори собиқадор Алиева Файзимо мешунидам, ки мушкилашро ҳал карда баромада дар берун мегуфт: «Нуриддин Саид ягона вазирест, ки дар ҳар рӯзи қабул бо ҷонишинонаш ба истиқболи шаҳрвандон мебарояд». Ӯ изҳор кард, ки ин сипосгузориашро оид ба корбарии вазири маориф ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Озода Раҳмон низ навиштааст. Бале, ҳафтаи гузашта дар қабули вазири маориф ва илм зиёда аз 70 нафар шаҳрвандон ҳозир шуда, мушкилашонро осон намуданд. Дар рӯзҳои дигар аз сад нафар бештар меоянд ва ман боре надидаам, ки ягон нафар бо димоғи сӯхта аз ҳузури ӯ баромада бошад. Вазир на дар ҳуҷраи кориаш, балки дар ошёнаи аввал дар шуъбаи умумӣ қабул мекунад. Борҳо дидаам, ки ин корро дар даромадгоҳ, роҳрави Вазорат низ анҷом медод ва ҷонишинонаш мизу курсӣ гузошта, дар ҳамон долон менишастанд.

Дар қабули охирин ба пиразани русзабоне барои ариза навиштанаш ёрӣ расондам. Пиразани 81-сола бо ягона аберааш зиндагӣ мекунад. Аберааш Кристина тамомкунандаи гимназия буда, дорандаи даҳҳо мукофоту ҷоизаҳо оид ба варзиши тарзи ушуи чинӣ ва акробатика, донандаи забони чинӣ ва ғайра мебошад. Падараш -хизматчии дивизияи 201-и ФР дар ҳодисоти маълуми кишвар ҳалок шудааст, модараш ҳам гузаштааст, дигар касе надорад, дар таълимгоҳ хубу аъло мехонад. Оё чунин ятимони кулл вақти дохил шудан ба донишгоҳ имтиёзе доранд? Вазири маориф халтаи вазнини медалҳои Кристинаро рӯйи даст гирифта, хушнудона мегуфт: «Бардошта бинед, 2-3 кило! Чемпиони Тоҷикистон, пагоҳ Худо хоҳад, чемпиони ҷаҳон мешавад». Вазир ҳамон лаҳза бо телефон ба куҷое занг зад, ба тобеон дастур дод, ки корҳои омодагиро бинанд ва ба пиразану духтарак маслиҳати дуруст диҳанд. Сипас, ба пиразан барои бархостанаш мадад расонда, дили ӯро пур кард, ки ғам нахӯрад, масъала ҳал хоҳад шуд.

Ҳамин вақт воқеаи як рӯз пеш — рӯзи ҷумъа рӯйдода пеши назарам омад: Дар даромадгоҳи вазорат ду пиразани маҳаллӣ бо милисаи дарбон баҳс доштанд. Ҳамин асно вазир дар даст сумкаи калон ҳозир шуд ва гапи онҳоро шунида, бо овози баланд гуфт: «Вазирро меҷӯед? Агар маро дар назар доред, марҳамат!» — ба гирду атрофаш нигариста, дари шуъбаи умумиро наздиктарин шуморида, онҳоро ба он ҷо ҳидоят намуд ва ба суханонашон гӯш дод (расме, ки дар ин ҷо мебинед, аз ҳамон қабули ғайриодист). Пиразанҳо чуноне, ки дар ин мавридҳо мешавад, аввал шукри осудагиву ободии мамлакат карда, сипас, оид ба масъалаи тарбия, дастрасии китобу ашёи хониш, сару либос барои наберагону аберагони мактабхонашон ёдовар шуданд. Вазири маориф онҳоро бо диққат гӯш дода, даст ба китфашон гузошта, андак ҳазлу шӯхӣ карда, дилашонро бардошт, мушкилоти онҳоро ҳал ва каме ёрии моддӣ ҳам расонда гусел намуд. Онҳо дар ҳаққи ӯ дуои хайр карда, аз дар баромада истода мегуфтанд, ки агар имкони бо Сарвари давлат вохӯрдан пайдо кунанд, ба эшон мерасонанд, ки маҳз чунин вазирҳоро ба кор монанд, вагарна баъзан мешавад, ки ба идорае медароӣ на танҳо коратро буд намекунанд, балки рӯи хуш нишон намедиҳанд…
Ман вақте чунин ҳодисаҳоро мушоҳида мекунам, ба андеша меравам, ки мо дар ҳақиқат, ба қадри кадрҳои хубамон намерасем, ё вақте мерасем, ки дер шудааст. То он вақт бо тамоми қувва ранги нигилистҳо айбашонро меҷӯем, агар наёфтем мегӯем- думи сагат каҷ. Магар беҳтар нест: чи тавре ки дар ҳамон филми тасвирӣ мегӯянд- «Ребята, давайте, жить дружно!» ва ба манфиати худу давлату миллат ва шукуфоии Ватан меҳнат кунем?!

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.