Розия Акобирова – аз «Ман бо духтаре вохӯрдам» то «Тоҷикфилм» (видео)
Имрӯз, 4 июн аз зодрӯзи ҳунарпеша ва ёвари коргардони кино Розия Акобирова 88 сол сипарӣ мешавад.
Розия Акобирова 4 июни соли 1937 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ дар техникуми китобхонавии Душанбе таҳсил намуда, фаъолияти ҳунарии худро ҳамчун раққосаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз кардааст.
Соли 1960 ба киностудияи Тоҷикфилм ба ҳайси ассистенти коргардон ба кор омада, то соли 1994 дар ин муассиса фаъолият намудааст.
Розия Акобирова бори аввал соли 1957 дар нахустин филми рангаи бадеӣ-мазҳакавии истеҳсоли «Тоҷикфилм» – Ман бо духтаре вохӯрдам нақши Лоларо иҷро кардааст, ки барои ӯ шуҳрати зиёд овард.
Ӯ ҳамчун ёвари коргардон дар таҳияи як қатор филмҳои маъруф, аз ҷумла «Достон дар бораи Рустам», «Буд-набуд, дар синфи якум буд», «Гуреза», «Достони шарқӣ», инчунин филмҳои ҳуҷҷатии «Ёди Помир», «Панҷруд» ва «Дили беқарор» саҳми назаррас гузоштааст.
Барои хизматҳои шоёнаш дар рушди синамои тоҷик Розия Акобирова бо ду Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Розия Акобирова 11 феврали соли 2009 дар шаҳри Маскав аз олам чашм пӯшид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ