Ҷавони дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордошта ба Тоҷикистон истирдод шуд
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Шаҳбоз Давлатов, сокини 23-солаи шаҳри Душанберо, ки бо гумони авбошӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, ба Тоҷикистон баргардонданд.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, бо мусоидати Бюрои миллии марказии Интерполи Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои ҳамсоя дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, пас аз боздошт гумонбаршаванда ба Тоҷикистон истирдод гардида, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Вобаста ба ин парванда тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ