Низоми нави рухсатномаҳои электронӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон низоми нави рухсатномаҳои электронӣ (Electronic permit System) ва платформаи мутамаркази пардохт ба кор даромад. Он раванди таҳия ва мубодилаи рухсатномаҳои нақлиётиро дар мамлакат сода ва рақамӣ мегардонад.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, низоми нави рухсатномаҳои электронӣ ва платформаи мутамаркази биллингӣ раванди додани рухсатномаҳои нақлиётиро дар ҷумҳурӣ барои ҳамлу нақли байналмилалӣ сода ва ба формати рақамӣ табдил медиҳад.
“Ин низом як қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани суръат, шаффофият ва бехатарии хизматрасониҳои нақлиётӣ мебошад”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Узбекистон расман созишномаи табодули иҷозатномаҳои электрониро (ePermit) имзо кардаанд.
Дар рӯзҳои аввали пас аз оғози кор Тоҷикистон 100 адад рухсатномаи аввалини электрониро тавассути низоми нав ба Узбекистон интиқол додааст.
Низоми нави рухсатномаҳои электронӣ ба ширкатҳои нақлиётӣ муҳити бехатар ва ҳамгирошударо барои пешниҳоди дархостҳои дастаҷамъона, идоракунии тақсимоту истифодаи рухсатномаҳо, самаранокӣ ва шаффофияти пардохтҳо фароҳам меорад.
Ҳисоббаробаркунии мутамарказ бо низомҳои бонкӣ ва хизматрасониҳои пардохтҳои мобилӣ ҳамгиро мешавад ва санҷиши онлайнӣ, муқоисаи автоматӣ ва шаффофияти пурраи молиявиро тавассути тадбирҳои боэътимоди ҳифзи маълумот таъмин мекунад. Бо ҷорӣ шудани низоми нав, вақти барои гирифтани рухсатномаи зарурӣ хеле коҳиш ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ