Боздошти модар  барои муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдаки яксола

Наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз муносибати бераҳмона ва рафтори хушунатомез нисбат ба як кӯдаки хурдсол нашр гардид, боиси нигаронии ҷомеа шуда, мавриди санҷиши кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор гирифт.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар ҷараёни санҷиш муайян шудааст, ки зани дар навор инъикосёфта Мавлуда Бурҳонова, соли таваллудаш 2004 мебошад. Ба гуфтаи мақомот, ӯ нисбат ба кӯдаки яксолаи худ муносибати бераҳмона нишон додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, номбурда қаблан низ барои содир намудани ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ҷалб намудан ба фоҳишагӣ тибқи моддаҳои 110 ва 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Мақомоти милитсия мегӯянд, вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Сино маводи зарурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол мегардад.

Гуфта мешавад, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак, инчунин тибқи талаботи моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи гирифтани кӯдак аз назди падару модар бидуни маҳрум намудани онҳо аз ҳуқуқҳои падариву модарӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамзамон, масъалаи таъмини амният, нигоҳубин ва тарбияи минбаъдаи кӯдак таҳти назорати мақомоти дахлдор қарор гирифтааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки нисбат ба таълиму тарбия, нигоҳубин ва ҳифзи ҳуқуқҳои фарзандон масъулияти бештар зоҳир намоянд, зеро кӯдакон амонати волидайн ва ояндаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *