Нимҳимоятгари 18-солаи тоҷик бозигари дастаи «Краснодар-2» шуд
Нимҳимоятгари 18-солаи тими миллӣ ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Алиҷони Айнӣ расман бозигари тими «Краснодар-2» шуда, бо ин бошгоҳ то моҳи июни соли 2027 шартнома баст.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, қаблан Алиҷони Айнӣ дар ҳайати ҷавонони «Локомотив-Помир» (Душанбе), инчунин, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозӣ кардааст.
Алиҷони Айнӣ аз моҳи марти соли гузашта то инҷониб ба тими миллии Тоҷикистон ҷалб мешавад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар шаш бозӣ анҷом додааст.
Бояд гуфт, ки «Краснодар-2» дар лигаи якуми футболи Русия баромад мекунад. Пас аз чаҳор даври бозӣ дар оғози мавсими нав бошгоҳи Алиҷони Айнӣ бо ҳафт имтиёз дар зинаи ҳаштуми ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ