Ниммарафони Душанбе: варзишгарони тоҷик кай ғолиби он мегарданд?
21 апрел ба муносибати Рӯзи пойтахт Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи бошукӯҳ варзишгарони 15 давлат иштирок карданд. Аз миёни мардон варзишгари кишвари Эфиопия Тефера Гоза масофаи 21 километрро дар муддати 1 соату 9 дақиқаю 3 сония тай намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Зинаи дуюм насиби намояндаи Кения Маана Ретер Курушбу шуд. Ҷойи сеюмро давандаи дигари Эфиопия Фенте Гирша аз худ намуд.
Аз миёни занҳо бошад, хати мараро аввалин шуда, варзишгарбонуи кишвари Қирғизистон Маслова Даря дар муддати 1 соату 13 дақиқаю 38 сония тай намуд. Зинаҳои дуюм ва сеюм насиби варзишгарони Ӯзбекистон Хмелнитская Марина бо натиҷаи 1:16:05 ва Ҳамидова Ситора бо натиҷаи 1:16:53 шуд.
Ёдовар мешавем, ки Ниммарафони Душанбе ҳамчун як чорабинии варзишии сатҳи баланд мақоми байналмилалӣ гирифта, дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур шомил аст. Имсол ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил кардани мусобиқа аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе 398 053 сомонӣ ҷудо гардид. Варзишгароне, ки то зинаи 6-умро ишғол намуданд, бо мукофотҳои пулӣ мукофотонида шуданд.
Боиси таассуфу нигаронист, ки варзишгарони сабуки тоҷик боре ҳам дар ин Ниммарафони байналмилалӣ, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нуҳум дар Рӯзи пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе доир гардид, шаҳди пирӯзиро чашида натавонистаанд.
Ба таври истисно ёд меорем, ки ба варзишгарони тоҷик дар тӯли мавҷудияти Ниммарафони байналмилалӣ ҳамагӣ 3 маротиба ишғол кардани ҷойи чорум муяссар гардидааст: байни мардон ду бор Ҳасан Ғаффоров (дар солҳои 2013 ва 2016) ва миёни бонувон Надима Мирзоева ( соли 2010).
Чаро ин аҳвол сол то сол такрор меёбаду на Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, на Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ва на Раёсати кор бо ҷавоно ва варзиши шаҳри Душанбе ақаллан як варзишгарро ба мусобиқаи ниммарафон омода карда наметавонанд? Ҳамин тавр, 9 сол мешавад, ки маблағҳои барои варзиши сабуки тоҷик ҳангуфти шаҳрдории Душанберо варзишгарони дигар кишварҳо бо нишондодҳои беҳтарини варзишӣ моли ҳалоли худ карда мебаранд.
Ба ғолибони Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе таваҷҷуҳ намоед.
Дар байни мардҳо:
- Тефера Гоза (Эфиопия);2. Маана Ретер Курушбу (Кения);
3. Фенте Гирша (Эфиопия);
4. Куштанбеков Адилет (Қирғизистон) ;
5. Тапкин Илйя (Қирғизистон);
6. Петров Андрей (Ӯзбекистон).
Дар миёни занҳо:
1. Маслова Даря (Қирғизистон);
2. Хмелнитсая Марина (Ӯзбекистон);
3. Ҳамидова Ситора (Ӯзбекистон);
4. Шафар Александра (Украина);
5. Коробитеная Мария (Қирғизистон);
6. Мурунги Бетти Касамбӣ (Кения) .
Тавре аён аст, имсол ҳам ягон намояндаи Тоҷикистон дар байни ғолибон ҷой гирифта натавонистааст. Ин нокомӣ то кай идома меёбад? Масъулони варзиши сабук кай варзишгарони марафончии тоҷикро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омода мекарда бошанд? Мефаҳмем, ки ин кор маблағи муайян ва машқу тамринҳои доимиро аз варзишгару мураббиҳо тақозо мекунад. Ба ин проблема аз паси панҷа нигаристан не, муносибату масъулияти ҷиддӣ зоҳир кардан зарур будагист?!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ