Нисбати 58 мансабдор дар Хатлон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Дар вилояти Хатлон вобаста ба тақсимоти ғайриқонунии замин нисбати 58 мансабдор ва шахсони масъул парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Ҳамчунин, дар шаш моҳи соли равон беш аз 32 гектар замин ба ҳолати аввал баргардонида шудааст.
Авазҷон Назарзода, додситони вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ афзуд, ки дар самти замин 4 ҳазору 30 қонунвайронкунӣ ошкор шудааст. Ӯ мегӯяд, дар натиҷа 2 ҳазору 77 кас ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Ба таъкиди вай дар робита ба ин масъала, 306 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
«Миёни мансабдорон 28 парванда нисбати раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 6 парванда нисбати кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», 9 ҳолат нисбати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 7 парванда нисбати роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 8 парванда нисбати дигар шахсони мансабдор боз карда шудааст»,-иттилоъ дод Назарзода.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ