Ноболиғ дар Хуҷанд бо гумони дуздӣ боздошт шуд

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад.

Гумонбаршаванда, 11-уми декабри соли 2023, соати 02:40-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба ҳуҷраи кории Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ», ки ба марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд тааллуқ дорад, ворид шуда аз дохили сандуқи оҳанин, ки дар ҳолати кушода қарор дошт, 5 ҳазор сомониро дузидааст.

Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *