Нодия Фазл – Олмон – Афғонистон

Рўҳи баҳор

Хаёлат мевазад, оина метобад гулистонро,

Ба ҷашни рўшноӣ мекашад дасти шабистонро.

Тулўи бениёзиву шукуфтан аз ҳарими маҳ,

Шаҳобу шуъла мекорад тани сарди зимистонро.

Ҳузури орзу буд лаҳзаи боридани ишқат,

Каме рўъё, каме парвози паҳни равшанистонро.

Ҳавои нарми дарёҳо барои шонаҳои боғ,

Ва тафсири навозиш нози субҳи дилпарастонро.

Ба чашми бе умедам тарҳи сабзи тозагӣ рўяд,

Нигоҳи шабнишинам бўса зад сабзина бўстонро.

Зи ҳаҷми бекасиҳоям ба дарё қисса мегуфтам,

Малоик месуруд оҳанги ғамгини найистонро.

Ту бо як шоха гул лабханд, як дебоча зебоӣ,

Шикастӣ буғзу хомўшии шаҳру кўҳистонро.

Ғурўби офтоб! Рўҳи баҳор гулвожаи шеърам,

Хаёлат мевазад, оина меборад гулистонро.

***

Хотира

Як шаб, ки осмону чаманзорон наҷвои ошиқонаи борон буд,

Лабрези шохаҳои гули марям пероҳани ҳарири баҳорон буд.

Обии обшор пур аз маҳтоб масти шамиму замзамаи дарё,

Оинаҳо саховати сабзатон, тасвири нози ҷилваи марҷон буд.

Ман бо саломи баргаи нилуфар, аз панҷара ба самти саҳар рафтам,

Ҳангомаи садои қадамҳояш дар кўчаҳо сапедаи гулафшон буд.

Як каҳкашон ситора ба мўҳоям пар-парзанон нишаст ба зебоӣ,

Ҳисси наҷиби сўхтан аз ишқаш, дар ҷони ман шарори гулистон буд.

Аз бўсаҳову гармии дастонаш андоми ман шигифту фарибо шуд,

Гулхонаи талиаи рўъёям, чашмони ў сароҳати имон буд.

Ман дар ҳузури поки худо будам, дар арши пурситораи гулборон,

Дар шонаҳои поку баланди ў садҳо намоди хубии яздон буд.

***

Дилрабо

То баҳори орзуҳои маро гулбори рўъё мекунӣ,

Зиндагонӣ менигорӣ меҳрубоно! Шўри дарё мекунӣ.

Мешавам ҳамболи сор, ҳамранги маҳ, дебои дил, сўзи ғазал,

То васеъи лолаҳо паҳнои боғ аз ишқ ғавғо мекунӣ.

Мешавӣ оина мебинам ҳузури равшаниро дар дилат,

Мебарӣ бо худ маро ошиқтарин нози таманно мекунӣ.

Бўйи гандум, лаҳҷаи парвонаҳо гулвожаи парвозҳо,

Дилфиреби ҷории боли парастуҳои ово мекунӣ.

Дар танини пардаи соз дар латифи шеъру оҳанги ишқро,

Менавозӣ ҷилваи поки худованду масеҳо мекунӣ.

Аз сукути дар бебаҳори дур, яъси ошиқи дарёчаро,

Тоза аз атри насими дил гуворои ҳар иво мекунӣ.

Мекушоӣ аз танаш садҳо гиреҳи талху андўҳбори дард,

Дар нигоҳаш вусъати зебои хуршеди саҳар во мекунӣ.

Гиряҳояшро ба мавҷи дилрабои нағма мехонӣ ба меҳр,

Доманашро гулшани рангини як субҳи фиребо мекунӣ.

***

Нози ситора

Аз кўчаҳои сарду парешон магў баром,

Аз гиря, аз шақовати борон магў баром.

Аз хонаҳои талхи пур аз дуду ашку оҳ,

Аз шохаи шикастаи урён магў баром.

Аз ёдҳои лаззати дарёча, атри нон,

Зебоии табассуму ороми дилситон.

Аз офтобии саҳар, аз самти рўшанӣ,

Аз моҳ, аз ситора бигў, ҷони ҷони ҷон.

Лабрези лаҳзаҳои хамўшии ғурбатам,

Абрию беқарор, шикебоии хазон.

Эй шар-шари тараннуми руд, эй садои меҳр,

Эй ҳамнажоди чашмаву хуршеду осмон.

Як дона, як нигини самимонаи ғурур,

Бо бўсае ба гардану бар суратам нишон.

Ман аз тарона, замзама, оина аз биҳишт,

Гулрезам, эй раҳоии обии бекарон.

Лаҳни паранда, вусъати абрешими баҳор,

Эй ёр бо ту гашта танам то карон карон.

نادیه فضل — آلمان- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *