Номаи хонанда. Амонатбонк бо фоизи паст ба мизоҷон қарз медиҳад
Имрӯз дар бораи хизматрасонӣ, фоизи бонкҳои Тоҷикистон зиёд шикоят мекунанд. Рӯзе корам ба Амонатбонк афтод. Дарёфтам, ки бонк аксияи “Дониш”-ро роҳандозӣ карда, ба мизоҷон қарзро бо фоизи пасттар пешниҳод менамояд. Аввал бовар накардам. Ба хотири донистани воқеият ба филиали №6-и Амонатбонк дар ноҳияи Фирдавсӣ омадам.
Асли мақсадро ба кормандони шуъбаи қарздиҳӣ гуфта, зимнан ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кардам. Баъди гирифтани ҳуҷҷатҳо, корманди шуъбаи қарздиҳии бонк гуфт, ки “мо ба шумо занг мезанем”. Ҳамагӣ 1 соат нагузашта, дар дохили нақлиёт будам, ки занг омад.
— Ман Акрам Нозилов, аз филиали №6-и Амонатбонк дар ноҳияи Фирдавсӣ. Биёед, барои гирифтани қарз ризоият ҳосил шуд.
Аммо баъд аз нисфирӯзӣ ба бонк омадам.
— Амонатбонк давлатӣ аст. Агар ҳуҷҷатҳо пурра омода бошанд ва мизоҷ боэътимод, дар гирифтани қарз ягон мушкилӣ нест,- таъкид кард Фаридун Раҳмонзода, муовини мудири филиали №6-и Амонатбонк.
Хулоса, маблағи заруриро бо 20 фоизи қарз аз Амонатбонк дастрас кардам. Ҳамагӣ дар як рӯз ва хеле вақти кам ва аз ҳама муҳим, муомилаи хуби кормандон. Баъдан, фаҳмидам, ки қарзҳои дигар ҳам нисбат ба бонкҳои дигар дар Амонатбонк пасттар будааст.
Муштарии шартномаи кредитии №19.08.2022/329887/1
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ