Норасоии нақлиёти тиббӣ мушкили меҳварӣ дар ноҳияи Кӯшониён

Ноҳияи Кӯшониён бо вуҷуди аҳолии беш аз 262 ҳазор нафара ҳамагӣ 4 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дорад. Мутаассифона, аз ин, ду нақлиёт аз солҳои пешанд ва ба қавле барои ёрии таъҷилӣ нигаронида нашудаанд.

Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониён ахиран дар нишасти хабарӣ гуфт: “Ман гуфтани нестам, ки қаблан ягон кас кор кардагӣ нест. Лекин ҳамин мушкилиҳо пеш аз ман ниҳоят бисёр буд, масъалаи таъмини автамобилҳои ёрии таъҷилӣ”.

Ӯ афзуд, ки мо ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муроҷиат кардаем ва ин масъала ҳали худро меёбад. Вале ӯ дар идома гуфт, ки агар меъёр ва талабот ба инобат гирифта шавад, шароит ҷавобгӯ нест. Мо дар ин самт кор карда, ва камбудиҳоро ислоҳ мекунем.
Масъалаи мавриди назар ба таври муфассал пайгирӣ карда мешавад.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *