Нурулло Ғафуриён: Муҳоҷирон набояд ба таҳлука афтанд…
Баъди анҷоми амалиёти террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ва боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун гумонбарони ҳодисаи мазкур мавзӯи будубоши тоҷикон дар Россия доғ шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити дигари ахбори омма ҳамарӯза даҳҳо хабари пур аз ҳангома паҳн мешаванд, ки баъди ин ҳодиса вазъи муҳоҷирон бад шуда, онҳо сари ҳар қадам гирифтори фишору таъқиб мегарданд. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба асли масъала суҳбате доштем бо Нурулло Ғафуриён, масъули бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
— Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Россия намояндагиҳои худро дорад. Пас аз ин ҳодисаи нохуш теъдоди муроҷиаткунандагон ба намояндагиҳо то кадом андоза зиёд шудааст? Мегуфтед, ки муҳоҷирон бештар бо кадом масъалаҳо муроҷиат мекунанд?
— Намояндагиҳои Вазорат фаъолияти худро дар самтҳои баррасии арзу дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, вохӯрӣ бо субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати мусоидат барои бокортаъминкунии муҳоҷирон, чораандешӣ барои пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби корфармо, расонидани машварат ва ёрии амалии ҳуқуқӣ, мусоидат барои бекор кардани қарорҳои судӣ оид ба депортатсияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лағви манъи вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолати доштани асосҳои ҳуқуқӣ, вохӯрӣ бо мақомоти қудратии Федератсияи Россия, ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия ба роҳ монда, дар шароити кунунӣ низ динамикаи фаъолияти он тағйир наёфтааст.
— Мушаххас гуфта метавонед, ки ҳодисаи нохуши дар “Крокус Сити Холл” рӯйдода ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия чӣ таъсир расонд ва вазъият минабъд чӣ гуна хоҳад буд?
— Вазъияти муҳоҷирони меҳнатӣ, ки будубош ва фаъолияти худро расмӣ гардонидаанд, қариб бетағйир мондааст ва ягон ҳолати мубҳам онҳоро таҳдид намекунад. Аммо эҳтимолияти минбаъд зиёд шудани чораандешиҳо нисбати муҳоҷироне, ки фаъолияти ғайрирасмӣ ва ғайриқонунӣ доранд, вуҷуд дорад. Аз ҳамин хотир, муҳоҷирони меҳнатии моро зарур аст, ки ҳамеша қонунгузории кишвари зисти муваққатиро эҳтиром ва риоя намоянд.
— Мегӯянд, ки имрӯзҳо муҳоҷирони тоҷик гурӯҳ-гурӯҳ Россияро тарк карда истодаанд. Ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд?
— Рафтуомади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия хусусияти доимӣ касб кардааст. Шаҳрвадони Тоҷикистон ба Россия натанҳо ба муҳоҷират, балки барои табобату солимгардонӣ, таҳсилоту такмили тахассус ва саёҳату меҳмонӣ низ сафар мекунанд. Бе ҳодисаҳои ахир ҳам ҳамарӯза ҳазорон муҳоҷир ба Тоҷикистон бармегаштанд ва то кунун ин нишондиҳанда чандон тамоюли афзоиш надорад.
— Муҳоҷироне, ки имрӯзҳо дар Россия бо ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ба куҷо бояд муроҷиат намоянд?
— Ҳангоми дучор омадан бо мушкилиҳо ва дигар ҳолатҳои ногувори пешбининашаванда муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки дар суроғаи шаҳри Москва, гузаргоҳи Гранатный, 13 ҷойгир шудааст, муроҷиат намоянд ё ба телефони 8(495) 690-41-86 занг зананд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд ҳамчунин ба намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли алоҳии Тоҷикистон дар Русия бо рақами телефонии +7(495) 9679844 аз соати 9:00 то 18:00 ва дар шаҳри Маскав ба рақамҳои +7(926) 462-62-01, +7 (903) 597-12-13 занг зада, кумак пурсанд. Маълумот дар бораи суроға ва рақамҳо барои тамос бо ин сохторҳо дар сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия низ дастрас мебошанд.
— Маслиҳати шумо ба тоҷиконе, ки новобаста ба авзоъ мехоҳанд ба Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд?
— Муҳоҷирон, пеш аз ҳама, бояд ба таҳлука наафтанд. Кӯшиш кунанд, ки сари вақт будубош ва фаъолияти меҳнатии худро дар Русия ба расмият дароранд. Ба хабарҳои ғайрирасмии ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд. Ба фиреби миёнаравҳо дода нашаванд ва аз иштирок дар дилхоҳ бенизомиҳо худдорӣ намоянд.
— Мегӯянд, ки минбаъд Россия бештар муҳоҷирони меҳнатиро ба таври муташаккилона қабул мекунад. Рост аст?
— Бале, тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, беҳтарин роҳи таъмини кафолати бехатарӣ ва муваффақияти кори муҳоҷирон — ин ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин ё он давлат мебошад. Муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки тариқи муассисаҳои давлатӣ — Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, марказҳои машваратӣ ва омодагии қабл аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидор — ширкатҳои хусусӣ ба Федератсияи Россия сафар кунанд.
— Муҳоҷирати муташаккилона чӣ бартариҳо дорад?
— Аввалан, дар сурати ба таври муташаккилона сафарбар гаштани муҳоҷирони меҳнатӣ бехатарии онҳо аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Дуюм, таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои барасмиятдарории фаъолияти меҳнатӣ дар ин ҳолат бар дӯши субъекҳои хоҷагидоре мебошад, ки муҳоҷиронро қабул мекунанд. Сеюм, ба муҳоҷирон таъминоти иҷтимоӣ ва шароити бехатари меҳнат кафолат дода мешавад. Чорум, ҳаҷми музди меҳнат пешакӣ муайян шуда, фиребгариҳо камтар мешаванд.
— Ширкатҳои Россия имрӯзҳо низ барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба кор дархост мефиристанд ё дигар чандон майл надоранд?
— Маврид ба таъкид аст, ки новобаста аз ҳодисаи ахир дархостҳои ширкатҳои ҷониби Россия барои ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони кории тоҷик зиёд шудааст.
— Дар сурати коҳиш ёфтани раванди муҳоҷират ба Россия Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии худро ба кадом кишварҳо фиристода метавонад?
— Гуногунсамтсозии муҳоҷират яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа дар соҳаи муҳоҷират маҳсуб мегардад. То ин вақт ҳам барои сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба дигар кишварҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуда, шумораи муайяни муҳоҷирон ба Британияи Кабир ва кишварҳои Аврупо фиристода шуданд. Барои минбаъд васеътар кардани сарҳади муҳоҷират ва фиристодани муҳоҷирони тоҷик ба кишварҳои дигар айни замон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи давлатҳои Аморати Муттаҳидаи Араб, Британияи Кабир, Венгрия, Руминия, Болгария, Туркия, Қатар, Литва, Латвия ҳамкориро ба роҳ мондааст. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ба низоми шуғли Кореяи Ҷанубӣ ворид гашт ва ба наздикӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи расман дар Кореяи Ҷанубӣ фаъолият намуданро соҳиб мешаванд.
— Ташаккур барои суҳбат!
Мусоҳиб: Фирӯза САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ