Унвони нави Озода Раҳмон
Озода Раҳмон, ки ҳоло раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст, унвони мушовири давлатии адлия грифтааст. Ин унвон мартабаи баланд дар низоми додгустарӣ ба ҳисоб меравад. Қарор дар ин заминаро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми майи имсол ба имзо расондааст.
Озода Раҳмон, ки соли 2016 раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шуд, расо 5 сол пеш аз гирифтани ин унвон, 25-уми майи соли 2012 диссертатсияи номзадиаш дар мавзӯи “Инкишофи қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои зан дар Тоҷикистон”-ро ҳимоят кард ва номзади илми ҳуқуқшиносиро гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ