Туркия: 14 ҳазор доллар дар як ҳафта аз танфурӯшӣ

Дар шаҳри сайёҳии Бодруми Туркия 6 зан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бо гумони танфурӯшӣ боздошт шуданд.

Пулиси Бодрум давоми ду ҳафта ин занҳоро зери назорат дошт. Миёни боздоштшудаҳо 3 шаҳрванди Қирғизистон, ду шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Туркманистон ҳастанд.

Гуфта мешавад, занҳои боздоштшуда касбу кори мухталиф доштанд. Аз ҷумла, яке аз онҳо табиб, дигаре мутахассиси компютер ва оҷонсии сайёҳӣ буда, дар ҷустуҷӯи кор бо ду шаҳрванди Туркия гуфтушунид доштанд, ки баъдан онҳоро ба фоҳишагӣ роҳнамоӣ карданд.

“Мо дар меҳмонхонаи гароне истиқомат мекардем. Маблағамон зуд тамом шуд. Шаҳри Бодрум бароямон хеле писанд омад. Мо нахуст дар меҳмонхона кор суроғ кардем, аммо пайдо нашуд. Бо он ду марди турк вохӯрдему фоҳишагӣ кардем. Нисфи маблағи даромадро ба он ду мард медодем. Танҳо давоми ду ҳафта мо қариб 14 ҳазор доллар даромад кардем. Мо худамон ба ин роҳ рафтем, касе моро маҷбур накардааст”, — мегӯяд шаҳрванди 29-солаи Русия Н.В.

Боздоштшудаҳоро ба мақомоти муҳоҷирати Туркия таслим карданд ва онҳоро ихроҷ аз ин кишвар таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *