Русия ба CASA-1000 мепайвандад?

Русия эълон кардааст, ки мехоҳад ба тарҳи минтақавии интиқоли нерӯи барқи изофӣ аз Тоҷикистон Қирғизистон мавсум ба CASA-1000 бипайвандад ва аз ин роҳ барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳи муштараки “Сангтӯда-1» дар Тоҷикистонро, ба Афғонистон мустақиман фурӯшад. Ҳарчанд мақомоти Афғонистон аз ин пешниҳод истиқбол кардаанд, аммо мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки чунин муомила ғайримумкин аст.

Вазири захираҳои об ва энержии Афғонистон Алӣ Аҳмад Усмонӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон эълон кардааст, ки ахиран Кобул пешниҳоди ҳукумати Русия барои пайвастани ин кишвар ба тарҳи минтақавии интиқоли нерӯи барқи изофӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дарёфт кардааст.

Дар ин пешниҳод зикр шудааст, ки Русия дар Тоҷикистон нерӯгоҳе дар ихтиёр дорад ва бо пайвастани ду хатти интиқоли нерӯи барқ, метавонад ба тарҳи CASA-1000 шомил шуда, нерӯи барқро ба Афғонистон фурӯшад. Ба гуфтаи ҷаноби Усмонӣ, Афғонистон аз ин пешниҳод истиқбол кардааст.

Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”  чунин пешниҳоди Русияро бепоя арзёбӣ карда, гуфтааст созишномаи CASA-1000 миёни чаҳор кишвар, яъне Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон имзо шудааст ва дар матни он Русия ва ё нерӯгоҳаш дар Тоҷикистон зикр, нашудааст.

Вай афзуд: «Тиб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *