Оғози Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар Тоҷикистон

 Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ оғоз шуд.

Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ бо ташаббуси Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз 18 то 22 –юми ноябр идома мекунад, ки ҳадафи он омӯзиши забонҳо, эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ байни мамлакатҳо мебошад.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер изҳор намуд, ки Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ бо мақсади шиносоӣ пайдо намудани довталабон ва ҷавонони тоҷик бо низоми таълим дар Амрико ва тартиби ғолиб омадан дар он бурсияҳое, ки департаменти давлатии ИМА ҷудо мекунад, гузаронида мешавад.

Ба донишҷӯёни ғолиб даъватнома ё бурсия дода мешавад. Аксар  таълимгирандагони тоҷик дар Амрико бо чунин тарз таҳсил мекунанд.

Гуфта мешавад, ки Ҳафтаи  таҳсили байналмилалӣ имкони хуб барои таҳсил ва такмили дониш дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон аст.

Тавре ки аз Сафорати Амрико дар Душанбе ба Pessa.tj иттилоъ доданд, давоми ҳафта дар Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе (American Space Dushanbe) суҳбат баргузор мешавад.

Дар охири ҳафта, 22 ноябр аз соати 16:00 то 18:00 бо иштироки хатмкардагони коллеҷу донишгоҳҳои Амрико намоишгоҳи хатмкардагон доир мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ҳоло зиёда аз 41 ҳазор ҷавони тоҷик дар беш аз 40 давлати дунё таҳсил доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *