Оғози намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе»

Имрӯз, 22 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид.

 Дар он беш аз 40 ношир зиёда аз 5 ҳазор китоби тозанашрро пешниҳод намуданд.

Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин Туркия, Эрон ва Чин, Ҳиндустон, Русия, Туркманистон ва ноширони Тоҷикистон иштирок доранд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб ҳамасола дар пойтахт доир мешавад.

Ин намоишгоҳ аз 22 то 24 октябр идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *