Оқибатҳои сӯхтор дар Лондон

Дар натиҷаи сӯхтор дар бинои баландошёнаи воқеъ дар қисмати ғарбии Лондон якчанд нафар ҷони худро аз даст дод ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуд.

Раҳбари хадамоти сӯхторнишонии Лондон Дэни Коттон рӯзи 14-уми июн гуфт, ки «хисороти ҷонӣ вуҷуд дорад, аммо бинобар масоҳат ва печидагии бино ҳоло наметавонам теъдоди онҳоро таъйид кунам».

Хадамоти Ёрии таъҷилии Лондон пештар аз ин гуфт, ки беш аз 50 нафар ба бемористонҳо интиқол ёфт.

Сухтор дар Grendfell Tower саҳари рӯзи чоршанбе оғоз шуд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки сокинон дар дохили бино дармонданд ва бисёре аз онҳоро дар назди тирезаҳо дидан мумкин буд. Бархе дигар мегӯянд, ки шӯълаи оташро нахуст дар ошёнаи 27-ум мушоҳида карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *