Об барои  ОМ

  танҳо нерӯи зеҳнӣ онро одилона тақсим мекунад

 9-11 моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт», бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти СММ доир ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN-DESA) Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” баргузор гардид. Симпозиумро Сарвазири Ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ифтитоҳ карда, Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ноиби Дабири кулли СММ Гян Чандра Ачаря ва  намояндагони 17 сохтори СММ иштироку суханоронӣ карданд. Дар маҷмӯъ, дар кори симпозиум зиёда аз 500 нафар меҳмон аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СҲШ, ИДМ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон  ширкат варзиданд. Доир ба кори симпозиум ва натиҷаҳои он дар суханрониҳо пешниҳодҳои ҷолиб ва судманд шунида музокира шуд.

Доктор Ризо Ардакониён аз соли 2003 масъалаҳои обро дар Осиёи Миёна думболагирӣ мекунад ва дар «Даҳаи об барои ҳаёт», ки бо пешниҳоди Тоҷикистон дар СММ эълон шуда буд, аз ҷониби СММ намояндагӣ мекард.

Ризо Ардакониён, мудири Институти донишгоҳи СММ оид ба обу хок ва фозилоб мегӯяд, ки дар масъалаи таъмини об дар ҷаҳон бояд бештар рӯйи неруйи зеҳнӣ маблағгузорӣ кард ва ба қувваи инсонӣ такя намуд.

— Оқои доктор, симпозиуме ки имрӯз мегузарад, барои бартараф кардани мушкилоти об ва беҳдошт чӣ аҳамият дорад ва бояд сари кадом масоил ҷиддӣ истода гузарад?

— Пеш аз он  ки ба суоли шумо ҷавоб диҳам,  бояд як нуктаро қайд кунам. Вобаста ба об ду масъалаи аслӣ ҳаст: якум манобеи молии мавриди ниёз,  ки дар ҳоли ҳозир метавон гуфт, ки  миллионҳо доллар сармоягузорӣ лозим аст, то мо ба ҳадафҳоямон бирасем. Дувум, неруи инсонӣ, ки дар сурати пайдо шудани пул онро битавонем дуруст ва бо мудирияти касбӣ ба кор бигирем. Пас метавон гуфт, ки бузургтарин сармоягузориро мо бояд дар мадорисамон, дар донишгоҳҳоямон кунем.  Дуруст аст, ки расидан ба ҳадафи дуюм дар муддати тӯлонӣ даст медиҳад, аммо бе неруи зеҳнӣ, бе набудани кадрҳои баландихтисос ва мутахассисон мо наметавонем ба ҳадафҳоямон ноил шавем. Зеро агар тамоми бонкҳо дар китфи Бонки ҷаҳонӣ рост биистанд ва миллионҳо доллар ҷудо кунанду мо даҳҳо рӯдхонаву сарбанд бисозем ва пеши роҳи обро бандем, то мудирияти дуруст набошад, то неруи тахассусӣ надошта бошем, мушкили об роҳи ҳалли худро намеёбад.  Зеро дар масъалаи об мо чӣ гуна ба мушкилот гирифтор шудем, чӣ гуна метавонем аз мушкилот бароем? Ин суолҳое ҳаст, ки ба ин метавонанд, танҳо онҳое ҷавоб диҳанд, ки дониш ва илм доранд. Дар Осиёи Миёна, ки ҳама кишварҳо ҷавон ҳастанд,  агар  рӯйи неруи зеҳнӣ бештар мабалағгузорӣ кунанд, метавонанд мушкилоти обро дар минтақа ҳаллу фасл намоянд.

— Дар бораи Осиёи Миёна гуфтед, аммо он гунае мушоҳида мешавад миёни ин кишварҳои ҷавон дар масъалаи об ҳамгироӣ нест, балки ихтилофҳо зиёд аст?

— Бубинед, мо ҳама корҳоеро ки мекунем, ба воситаи дастамон анҷом медиҳам. Дар ин даст ҳам панҷ панҷа баробар нест, миёнашон ихтилоф аст. Ва ҳамин ихтилоф миёни ангуштон аст, ки метавон чизеро гирифт ва корҳоеро анҷом дод. Пас вуҷуди ихтилоф мушкилот нест, мушкил он аст, ки чӣ гуна метавонем ҳамкорӣ кунем. Барои ин лозим нест, ки ҳама як хел фикр кунем, танҳо лозим аст ақидаҳои гуногунро гӯш карда бо ҳам ҳамкорӣ намоем, зеро ҳадафи муштарак дорем. Ҳамин тавр, агар дар атрофи Осиёи Миёна як хат кашем, метавон дид, ки об барои хӯрдан, об барои шустан, об барои обёрӣ кардан, об барои ҳифзи муҳити зист, об барои  истеҳсоли неруи барқ  ҳаст  ва натанҳо барои имрӯз, барои сад соли оянда ҳам. Барои ин мебояд, ки кишварҳо фақат байни худ ҳамкорӣ кунанд. Бояд як миқдор сатҳи омӯзишро боло бурд ва мо мутаваҷҷеҳ мешавем, ки об мавзӯе нест, ки фақат тавассути дипломатҳо дар вазорати корҳои хориҷӣ  ё тавассути муҳандисони вазорат об ҳал шавад.  Солҳо пеш, вақте ки ман ҷонишини вазири нерӯи Эрон будам, як пешниҳод доштам, ки мувофиқ ба он бояд мо дар Осиёи Миёна як мадраса дуруст кунем, ки шогирдонаш афроде бошанд, ки аз риштаҳои об ва дипломатия бархӯрдор шаванд, устодонашон ҳам ихтисоси равобиту ҳуқуқи байналмиллалро донанд, ҳам муҳандисии обро. Пас, хатмкунандагони ин мадраса метавонанд ҳам тариқи дипломатия ва ҳуқуқҳои башар, ҳам аз нигоҳи муҳандисӣ масоили обро баррасӣ бикунанд. Чун имрӯз афроде ки мутахассиси об ҳастанд, забони дипломатияро намедонанд ва иддае ҳам ки дипломат ҳастанд, масоили обро наметавонанд барасӣ кунанд.

— Ин пешниҳоди шумо то куҷо дастгирӣ шуд?

— Алъон як давраҳои таъсис шуда, бо номи «Woter academy»- академияи об ва «Woter diplomatic» — дипломатияи об. Он замон давлати Норвегия ин пешниҳодро пазируфт ва Олмон низ гуфта буд, ки дар Осиёи Миёна як Академияи об таъсис бидиҳад ва аз ман хост масъулияти назорати онро ба душ гирам. Бо оғои Сироҷиддин Аслов музокира кардем, бо Бишкек низ гуфтугӯ намудем, аммо мутаассифона, дар нимароҳ монд. Аммо бовар дорам, ки агар ҳадафҳоямонро думбол кунем, ба муваффақият ноил хоҳем шуд. Ва Тоҷикистон метавонад дар ин нақши ҷиддӣ дошта бошад. Умедворам оқои раисҷумҳури Тоҷикистон, ки нисбати ҳамдигар муҳаббат дорем, моро дастгирӣ мекунад. Зеро аз соли 2003  масоили обро дар минтақа думбол мекунад ва Тоҷикистон хело пешгом будаст.

— Аммо бо вуҷуди пешгомӣ наметавонад баъзе масъалаҳоро бо ҳамсоякишварҳо ҳал кунад. Махсусан, сохтмони Роғун дар рӯдхонаи Вахш, ки ҳамсоякишварҳоро зиёд нороҳат сохтааст.

— Ин масъала ва масоили аз ин печидатар метавонад бо гуфтугӯ ҳал шавад, агар мо битавонем доираи суҳбатро вусъат диҳем. Боз аз таҷрибаи худамон мисол меорам. Ман дар Эрон масъули об будам.  Мо як рӯдхонаи марзӣ дорем, ки аз марзи Афғонистон ҷорист ва дар марз қисмат шуда, як бахшаш меояд ба Эрон як бахши дигараш ба Туркманистон. Ин рӯдхона мавсимӣ аст, 4 моҳ об дорад ва баъзан сел омада, хисороти зиёд меовард. Мо ба хулосае омада, як садд рӯйи ин рӯдхона сохтем, то ду кишвар аз он роҳат истифода барад. Оғои Раҳмон имрӯз ишора карданд, ки дар ҳоли ҳозир наздики 300 ҳавзаи фаромарзии об дар дунё ҳаст. Ман ба шумо мегӯям, ки шояд 100 –ҳо ёддошти тафоҳум имзо шавад доир ба об, аммо рӯдхонаҳои марзӣ ҳастанд, ки солиёни зиёд бе ягон гуфтугӯ одилона тақсим мешаванд ва ин ҳам бо василаи гуфтугӯ. Мо бо Туркманистон бе имзояи ягон қарордод ва ягон саҳифа коғаз садд сохтем ва пеши роҳашро гирифтему имрӯз онро роҳат истифода мекунанд. Тоҷикистону ҳамсоякишварҳо бояд музокира кунанд.

— Ҳадафҳое ки доир ба об дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат мегирад, то куҷо аз ҷониби хориҷиён сармоягузорӣ мешавад?

— Сармоягузорӣ мешавад.  Ҳамин сипозиуме, ки ҳоло доир гаршт, бо дастгирии СММ мегузарад ва созмонҳои дигар ҳам маблағгузорӣ мекунанд, яъне бисёриҳо пул доданӣ ҳастанд.

Мусоҳиб

Одили Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *