Шикасти навбатии варзишгарони тоҷик

 Шоми  дирӯз  паҳлавони   шинохтаи   тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов   дар қувваозмоии нахустинаш дар мусобиқаи дзюдо  аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рақибаш Алекс Гарсиа Мендоза аз Куба шикаст хӯрд. Дар ин бора  аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.
Қувваозмии паҳлавони тоҷик бо гӯштингири кубагӣ дар вазни беш аз 100 кило дар Қасри гӯштини Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд.Бояд зикр кард, ки  дар муддати сеюним дақиқаи қувваозмоӣ Муҳаммадмурод бартарӣ дошт, зеро ки рақибаш шидо (огоҳӣ) гирифта буд. Вале ғайричашмдошт 1 дақиқаю 18 сония пеш аз анҷоми сабқат Алекс Гарсиа Мендоза усулеро ба кор бурд, ки Муҳаммадмурод мағлуб шуд. Ҳамин тариқ, варзишгари кубагӣ бо баҳогузории иппон ғалабаи соф ба даст овард ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Муҳаммадмурод бошад, аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.
Алекс Гарсиа Мендоза паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, ҷоизадори бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскулоҳи бузург) аст.Ба гуфтаи Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, аз ин пеш ӯ бо паҳлавони кубагӣ як бор дар мусобиқоти Гран-при дар Тсиндаои Чин қувваозмоӣ карда, пирӯз шудааст. Вале ин дафъа рақибаш дастболо гардид.
Ба ин тартиб, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, панҷ нафар  Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо,дар вазни то 90 кг), Олим Қурбонов, ва Анастасия Тюрина   (шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Ёдовар мешавем, ки ду нафари дигар — Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ва Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) — дар мусобиқоти Олимпиадаи Рио ширкат хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *