Фотеҳ Қаҳрамон: Гуноҳи Гулен собит шудааст.
Имрӯз дар сафоратхонаи Туркия дар Душанбе нишасти матбуотӣ вобаста ба ҳодисаҳои охир дар Туркия баргузор гардид.
Дар ин нишаст намояндаи муваққатии ин кишвар дар Тоҷикистон Фотеҳ Қаҳрамон оид ба кӯшиши табаддулоте, ки дар Туркия дар миёнаи моҳи июл ба амал омад.маълумот дод.Мувофиқи гуфтаи ӯ, дар ин кишвар гуруҳи ҳарбиён таҳти роҳбарии сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруф Фатҳулло Гулен, ки аз Амрико истода ба онҳо дастур медодааст, кӯшиши табаддулот ҳарбӣ карда шуд. “Аммо мардуми турк ин дасисаро қабул накард ва баъд аз пахш карда шуадни ин шуриш рузи дигар ба майдонҳои шаҳрҳои гуногуни Туркия миллионҳо сокинон ба куча баромада, аз сарвазир Эрдуғон ва ҳукумати ӯ ҷонибдорӣ карданд” гуфт намояндаи муваққатӣ. Ба саволи хабарнигори “Тоҷикистон таймс” оид ба вохурии охирини Эрдуғон ва Путин дар Санкт Петербург ва ин, ки оё ин вохурӣ ва наздикшавии Туркия ва Русия ба муносибатҳои байни ин кишвар ва Амрикою муттаҳидони ғарбиаш таъсир намерасонад, Фотеҳ Қаҳрамон ҷавоб дод,ки он танҳо ба муносибатҳои байни ду кишвар дахл дорад ва аз шарҳи минбаъда худдорӣ намуд. Ба гуфти намояндаи муваққатьӣ, гуноҳи Фатҳулло Гулен бо далелҳо собит гардидааст ва ҳоло Туркия истирдоди ӯро ба ин кишвар аз Амрико талаб дорад. (Тафсилоти ин нишаст ва таҳлили табаддулотро дар Туркия дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа кунед).
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ