«Одамкуш» оҳанги нави Манижаи Давлат

Ҳунарманди маъруфи тоҷик Манижаи Давлат аз сабти оҳанги наваш бо номи «Одамкуш” хабар дода, навиштааст, «умедворам, мавриди писандатон қарор мегирад.” Манижаи Давлат тақрибан 10 сол боз худаш тарона иҷро намекунад.

Ҳунарманди 34-солаи тоҷик Манижаи Давлат тавассути саҳифааш дар шабакаи «Фейсбук” хабар дод, ки оҳанги нави ӯ бо номи «Одамкуш” ба бозор даромадааст. Матни таронаро Орзу Исоев, оҳангашро Манижаи Давлат навиштаанд ва онро Раҳмия Аюбӣ иҷро кардааст. Манижаи Давлат бо изҳори сипос ба Мӯҳсиддин Шакаров барои таҳияи овоз ва ба продюсерБеҳрӯз Зеваров барои дастгирӣ навиштааст, умедвор аст, ки ин тарона мавриди писанди мухлисонаш қарор мегирад.

Аксари мухлисон бо ситоиш аз матну оҳанги таронаи «Одамкуш” навиштаанд, ки агар тарона бо садои худи Манижа иҷро мешуд, нуран алонур буд. Саид Алӣ Вализода аз ҷумла навиштааст: «Ин сурудхоро агар худат мехондй хонум Манижа, боз хам ХУБТАР мебаромаданд!” Камолиддин Усмоновниз айни фикрро баён кардааст: «Бисёр олиҷанобу лекин худут мехондӣ-ку, ҷонону ҷалил мешуд!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *