Аҳолии Русия аз ҳисоби муҳоҷирон зиёд шуд

Коршиносони рус мегӯянд, афзоиши шумори аҳолии Русия ба 280 ҳазор нафар дар соли 2016 қариб ба пуррагӣ аз ҳисоби муҳоҷирон ба даст омадааст. Дар 20 соли охир, бино ба оморҳо, танҳо аз зодагони Тоҷикистон то ним миллион нафар шаҳрванди Русия шудаанд.

Юлия Флоринская, коршиноси Академияи хоҷагии халқ ва хидмати давлатӣ, як ниҳоди таълимӣ ва таҳқиқотии вобаста ба президенти Русия дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав гуфт, дар соли 2016 беш аз 280 ҳазор муҳоҷир дар Русия ҳаққи иқомат ё мақоми шаҳрвандӣ ба даст овардаанд ва амалан афзоиши шумори аҳолии Русия дар як соли охир қариб ба пуррагӣ аз ҳисоби муҳоҷирон будааст.

Юлия Флоринская, ки зимни муаррифии гузориши мавсум ба «Вазъи иҷтимоиву иқтисодии Русия ва аҳволи аҳолӣ” сӯҳбат мекард, гуфт:»Афзоиши аҳолии Русияро қариб ба пуррагӣ муҳоҷират таъмин мекунад. Он афзоиши табиие, ки аз соли 2013 мушоҳида мекунем, хеле ночиз аст ва зоҳиран ба поён мерасад. Аз ин рӯ манбаи асосии рушди аҳолии доимии Русия муҳоҷиронанд.”

Ба гуфтаи коршиносони рус, то поёни соли 2016 шумори аҳолии Русия тақрибан ба 280 ҳазор нафар хоҳад афзуд ва ин рақам баробари шумори муҳоҷиронест, ки дар тӯли сол дар Русия ҳаққи иқомати доимӣ ваё шаҳрвандӣ ба даст овардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *