Офарин ба милитсия! Боздошти ҷавон ва ҳаммаслаконаш, ки мардеро латукӯб карданд

Ҳодиса дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аз тарафи хонандагони мактаб сар задааст.

Тавре ки раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки 30-уми майи соли ҷорӣ дар шабакаҳои интеренетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқишаи як наврас ва бетарафию тамошо дигарон бо марде инъикос ёфтааст.

“Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, нафарони дар ин ҳодиса даст дошта, муайян карда шуданд.

Марде, ки мавриди латукӯб карор гирифта буд, Собир Қосимов, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Лоҳутии ноҳияи Дӯстӣ ва  дорои бемории рӯҳӣ мебошад”, -иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳамзамон, муайян карда шудааст, наврасоне, ки номбурдаро латукӯб қарор додаанд, хонандагони синфи 9 –и муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №6 ноҳияи Дўстӣ мебошанд.

Зимни санҷиш ошкор гардидааст, ки ҳодиса дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Дўстии вилояти Хатлон ба вуқуъ пайвастааст.

“Собир Қосимов дар роҳ бо алфози қабеҳ ба наврасон ва яке аз толибилмон таҳкиру дашном медиҳад, ки боиси латукӯби ӯ аз ҷониби яке аз наврасон гардидааст”,-илова мекунад манбаъ.

Шахсияти ҳамаи  нафароне, ки дар ин муноқиша ширкат намуданд, муайян ва бо ҳамроҳии волидайнашон ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ дастрас  шудаанд.

Тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *