Даъвати ҷавонон ба комиссариятҳои ҳарбӣ идома дорад

Бо вуҷуди иҷро шудани нақшаи ҷалби наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, ки даъвати ҷавонон ба комиссариатҳо идома меёбад.

Ба иттилои Вазорат, дар даъвати баҳории имсола, тайи моҳҳои апрел ва май шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-уми Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб гардидаанд.

Вазорати мудофиа таъкид намудааст, ки агарчи иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар муҳлати муқарраргардида ба итмом расида бошад ҳам, ҷавонони синни хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқоматашон даъват мешаванд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин кор бар асоси моддаи 28-и Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ», қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиа амалӣ шуда, мақсад аз он гузарондани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ мебошад.

Вазорат зикр намудааст, ки аз оғози даъвати баҳорӣ, дар нахустин рӯз ВМКБ ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.

«Дар нимаи аввали моҳи апрел чаҳор навоҳии пойтахт ва то охири моҳи май бошад, тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расонданд», — омадааст дар иттилоия.

Даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду мавсим сурат мегирад. Даъвати баҳории шаҳрвандон аз оғози апрел то охири моҳи май ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр то охири моҳи ноябр идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *