Ҷоизаи Ш. Исоев оид ба варзиши сабук дар Кӯлоб
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 майи соли равон бори аввал дар шаҳри Кӯлоб 17-умин пойгаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоизаи Устоди варзиши ИҶШС, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дави марафонӣ, довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ Шайдулло Исоев баргузор мегардад.
Ин мусобиқа аввалин маротиба соли 2003 дар шаҳри Душанбе дар масофаи 10 километр доир шуда буд. Солҳои 2004, 2015 низ дар шаҳри Душанбе, солҳои 2005, 2006, 2009, 2010, 2012 дар ноҳияи Ҳамадонӣ (масофаи 20 км), солҳои 2007, 2008 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (10 км), соли 2011 дар Муъминобод (10 км), соли 2013 дар Фархор (10 км), соли 2014 дар Данғара (10 км) ва соли 2016 дар ноҳияи Рӯдакӣ (10 км) баргузор шуда буд.
Варзишгарон ин навбат дар масофаи 12 километр қувва месанҷанд.
Шайдулло Исоев соли 1957 Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанберо бо дипломи аъло, соли 1967 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардааст. Аз соли 1957 то соли 1973 узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба варзиши сабук мегардад. Солҳои 1961-1967 тарбияи ҷисмониро ба шогирдони мактаб-интернати ноҳияи Восеъ омӯзонидааст.
Шайдулло Исоев дар мусобиқаҳои гуногуни СССР иштирок карда, сазовори 5 медали тилло, 23 медали нуқра ва зиёда аз 100 медали сарисинагӣ гардидааст. Шогирдонаш имрӯз парчамбардори Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Дилшод Назаров, Аҷмал Амиров, Сергей Забавский, Олга Герасимова, Меҳрангез Назарова, Дилшода Раҳмонова мебошанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ