Сел 2000 биноро хароб ва садҳо сокинонро кӯчманчӣ кард

Сел дар манотиқи шимоли Қазоқистон садҳо бинову хонаро хароб ва ҳазорҳо нафарро ба кӯч бастан маҷбур кард. Зарардидаҳо ҳукуматро ба вокуниши кунд дар баробари офати табиӣ муттаҳам намуданд.

Сокинон марги шаш нафарро ба обхезии рӯзҳои ахир пайванд медиҳанд, дар ҳоле ки мақомот мегӯянд обхезӣ хисороти ҷонӣ дар пай надошт. Мақомоти шимоли Қазоқистон  гуфтанд, бар асари обшавии барфҳо сатҳи об дар обанбори асосӣ се метр бештар аз ҳадди ниҳоӣ шудааст.

Вазири дохилии Қазоқистон Қалмуханбет Қосимов  гуфт, ки обхезӣ дар Оқмола, Павлодар, Қустанай, Шимоли Қазоқистон ва манотиқи дигар наздик ба 2000 биноро вайрон кард. Ҳазорҳо сокини ин манотиқ бо даҳҳо ҳазор чорвои онҳо ба минтақаҳои амн интиқол ёфтанд.

Баъзе аз осебдидагони обхезӣ ҳукуматро барои саҳлангорӣ дар пешгирии паёмади офати табиӣ муттаҳам карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *