Амният: WEF Тоҷикистонро бехавфтарин кишвари Осиёи Марказӣ донист

Дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), ки дар Швейтсария баргузор гардид, Тоҷикистонро бехавфтарин кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 2017  дониста шуд.

Коршиносони форум дар ин рейтинг Тоҷикистонро миёни 136 кишвар  дар мақоми 49-ум ҷой додаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон мавқеи 58 ва Қирғизистон ҷойи 98-умро ишғол намуданд.
Тоҷикистон дар ин рейтинги анъанавӣ якбора 27 зина боло рафт: соли гузашта Тоҷикистон дар ҷойи 76-уми рейтинг қарор дошт.

Дар ин рейтинг мавқеи аввалро бори дуюм паи ҳам Финляндия ишғол кард. Дар ҷойи дуюм Амороти Муттаҳидаи Араб ва дар ҷойи сеюм Исландия қарор гирифтанд. Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин Оман, Гонконг, Сингапур, Норвегия, Швейтсария, Руанда ва Қатар шомил шуданд.

Эстония дар ин рейтинг мақоми 15 ва Латвияву Литва муттаносибан ҷойҳои 40-ум ва 42-юмро ишғол карданд. Россия бошад дар ҷойи 109-ум қарор гирифт.
Сатрҳои охирро ҳамчун кишварҳои ноамнтарини ҷаҳон Салвадор, Яман ва Колумбия касб карданд.
Ҳангоми тартиб додани рейтинг коршиносон дар мадди аввал вазъи ҷинояткорӣ, терроризм ва низоъҳои ҳарбиро ба инобат гирифтанд.

Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ созмони ғайриҳукуматӣ дар Швейтсария мебошад. Форум ҳамасола мулоқоти роҳбарони кишварҳо, сиёсатмадорон ва коршиносони маъруфро дар Давос баргузор мекунад. Онҳо зимни ин вохӯриҳо мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ менамоянд. Тақрибан ҳазорҳо созмонҳои бузургтарини гӯшаҳои гуногуни олам аъзои форум мебошанд. Дар форум рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон низ иштирок менамоянд. Ҳайати аъзоён мунтазам бозбинӣ мешавад. Буҷети созмон аз ҳисоби аъзоҳаққӣ ва маблағгузории худи иштирокдорон асос ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *