Олмон: Тоҷикро ба тероризм айбдор мекунанд

Додситонии федеролии Олмон нисбати як шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирокаш дар фаъолияти созмони хориҷии террористӣ ва нақзи қонун оид ба назорати силоҳ, айб эълон кардааст. Дар ин бора дар иттилоияи додситонии Олмон аз рӯзи 8 март хабар дода шудааст.

Дар изҳороти додситонии федеролии Олмон, аз ҷумла гуфта мешавад, ки прокурори федеролии Дюсселдорф рӯзи 6 марти соли 2017 аз рӯипарвандаи «амнияти миллӣ» нисбати шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон Маҳмадсаид С. айб эълон кард. Ин шахс ба ҳайси узви гурӯҳи террористии хориҷии «Давлати исломӣ» қонунро аз рӯи моддаи «нақзи назорати силоҳ» ва «даъвати оммавӣ ба ҷиноят»-и Кодекси ҷиноии Олмон муттаҳам дониста мешавад.

Дар шарҳи аъмоли ҷиноии муттаҳам Маҳмадсаид С. гуфта шудааст, ки «на дертар аз феврали соли 2015 муттаҳам ба Раққаи Сурия ворид шуда ба узвияти гурӯҳи «Давлати исломӣ» шомил шуд. Ӯ бо истифода аз силоҳҳои мухталиф таҷрибаи ҷангӣ андӯхт. Солҳои баъдӣ ба ҳайси муҳофиз ва мудир кор кард. Бо туфангу тапонча мусаллаҳ шуд. Охири тобистони соли 2015 ҳадди аққал 5 видео-наворро дар шабакаи интернетии YouTube нашр кард ва дар онҳо ба пайвастшавӣ ба ҷиҳод ва гурӯҳи ДИИШ даъват намуд. Гумонбар 21 июни соли 2016 боздошт ва аз он замон то имрӯз дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешуд». Аз рӯи иттилои аввалия, ин мард моҳи июни соли 2016 дар шаҳри Карлсруэ боздошт шудааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, сухан дар бораи Маҳмадсаид Саидов аст, ки июни соли 2016 дар синни 30-солагӣ боздошт ва ин хабар ҳам он замон расонаӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *