Омӯзгоре, ки чун қуллаҳои Бадахшон сарбаланд аст

Муаллим кист? Ишқу кунҷи хомӯшӣ дабистонаш,

Сабақнодонию донӣ, дилам тифли сабақхонаш.

Зи ҳар кас н-ояд ин устоду шогирдӣ, на ҳар кӯҳе,

Бадахшон бошаду ҳар сангпора лаъли рахшонаш.

Ин сатрҳо баёнгари кору пайкори яке аз сарсупурдаҳои соҳаи илм ва маорифи кишвар, омӯзгори ботаҷриба ва устоди варзида Обидҷон Валиев мебошанд.

Ин марди накӯном ва дарёдил ба синни мубораки 70-солагӣ расида, беш аз 50 соли умри пурбаракаташро сарфи таълиму тарбияи насли ҷавон ва пешравии соҳаи маориф дар Тоҷикистон намудааст. Ҳамин аст, ки шогирдони бешумораш номи Обидҷон Валиевро то ба имрӯз бо эҳтиром ва ифтихори бепоён ба забон меоранд.

Обидҷон Валиев 23-юми апрели соли 1954 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1979 донишкадаи мазкурро бо ихтисоси омӯзгори забонҳои хориҷӣ хатм намуда, фаъолияти худро аз мактаби миёнаи №50-и деҳаи Нилӯи ҷамоати деҳоти Алмосии Ҳисор оғоз намудааст. Муддати 15 сол дар ин деҳаи зебоманзари кӯҳӣ ба кӯдакону наврасон забони хориҷӣ омӯзонида, соли 1994 Обидҷон Валиев ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба кор мегузарад. Дониши баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва услуби хосаи таълимиаш боис гашт, ки Валиев дар ин даргоҳи маърифат байни устодон ва донишҷӯён ҳурмату эҳтироми хосро соҳиб гардида, солиёни тӯлонӣ дар вазифаҳои пурмасъулияти ҷонишини декан, декани шуъбаи тайёрӣ, ёвари ректор ва директори Гимназияи ҷумҳуриявии тамоюли иқтисодидоштаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намуд.

Саҳми ин устоди сахтгир, донишманд ва ҳамзамон дилсӯзу меҳрубон дар пешрафти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, махсусан дар ободонии гимназияи тамоюли иқтисодидошта, ки дар назди ин ин муассисаи олӣ амал мекунад, хеле калон аст. Тӯли солҳои ба сифати директори гимназияи мазкур кор карданаш Валиев ҳамчун роҳбари дилсӯз ва кордон ин даргоҳи маърифатро бо хуни ҷигар ва меҳнати содиқонаи хеш обод намуда, ба боғи ҳақиқии дониш табдил додааст ва ҳамзамон ҳамчун омӯзгори бомаҳорат садҳо шогирдони арзандаро тарбия намудааст.

Солҳои 2013-2022 Обидҷон Валиев ба сифати раиси Кумитаи  иттифоқи касабаи донишгоҳи мазкур кор карда, ҳамеша ғамхори кормандону устодони ин даргоҳи илму маърифат буд. Валиев тамоми талоши худро баҳри беҳдошти шароитҳои кору зиндагии омӯзгорон равона намуда, дар дилу дидаи ҳамкоронаш маъво гирифт. Ҳамин аст, ки ҳампешагонаш то ба имрӯз аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд.

Барои хизматҳои арзандааш дар соҳаи маориф ин марди кордон бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.

Имрӯзҳо Обидҷон Валиев дар ҳалқаи фарзандон ва наберагонаш давлати пирӣ меронад.

Мо муаллимро аз номи шогирдони бешумораш бо ҷашни мубораки 70-солагӣ сидқан муборакбод гуфта, ба Обидҷон Валиев умри дарози пурбаракат, рӯзгори баҳоргуна сабзу хуррам ва сари ба сони қуллаҳои  осмонбӯси Бадахшон баландро таманно менамоем.

Аз номи ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *