Онлайн-қарзҳо, такси, доруворӣ аз рӯи дорухат: Super App-и маъруф боз ҳам қулайтар шуд

Замимаи мобилии “МегаФон Lifeдоираи имкониятҳои худро пайваста васеъ менамояд. Акнун истифодабарандагон имкон доранд, ки қарзҳои “Орзу”-ро онлайн дастрас кунанд, пардохтҳоеро, ки ба ронандагони такси барои корашон зарур ҳастанд, пардохт намоянд ва аксҳои дорухатро ба қисми “Дорухона” ворид намуда, маводи дорувориро ба хона фармоиш диҳанд. Бо ин доираи навгониҳои яке аз Super App-ҳои аз ҳама зиёд боргиришавандаи Тоҷикистон маҳдуд намешавад.  

Хизматрасонии “Орзу” имкон медиҳад, ки қарзҳо ва маблағҳо барои хариди молҳо ба насия дар ҳаҷми то 100 000 сомонӣ дастрас карда шаванд. Хизматрасонии мазкурро “МегаФон Тоҷикистон” якҷоя бо ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” пешниҳод менамояд. Кофист, ки танҳо як маротиба қарзро ба расмият дароварда, барои орзуи худ маблағро бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба даст оред. Акнун барои барасмиятдарории “Орзу” омадан ба идораҳои ТАҚХ “Ҳумо” ҳатмӣ нест, дархостро метавон дар шакли электронӣ тариқи замимаи “МегаФон Life” ирсол намуд. Барои ин зарур аст, ки ба қисми “Ҳамён” ворид шуда, сервиси “Қарз”-ро пайдо кунед ва дар он тугмаи “Гузоштани дархост”-ро пахш карда, сатрҳои заруриро бо маълумоти шиносномаи худ пур намоед. Бо ҳамин амалҳои истифодабаранда ба поён мерасанд. Мутахассисони “Ҳумо” тамоми маълумотро худ баррасӣ менамоянд. Пас аз ин ҳуҷҷатҳоеро, ки барои нагузоштани дархостҳои нав имкон медиҳанд, қосид ба гиранда бурда мерасонад.

Хизматрасонии “Дорухона” низ, ки ба сокинони Душанбе дар “МегаФон Life” дастрас аст, нав карда шуд. Акнун барои фармоиши доруворӣ тариқи онлайн кофист, ки дорухатро вориди хизматрасонӣ намоед. Агар дар дорухат якчанд доруворӣ навишта шуда бошад, истифодабаранда имкон дорад, ки ба акси худ шарҳ гузошта, доруи зарурии худро қайд намояд.       

Маълумот дар қисми “Интиқоли маблағ” ботафсил карда шуд. Акнун ҳангоми интиқоли маблағ ба кишвари дигар истифодабаранда дар экрани смартфон курси конвертатсия, ҳаҷми комиссия ва маблағи ниҳоиро мебинад. Ҳамин тавр маълумот доир ба он, ки маҳз чӣ миқдор маблағ аз ҳисоб гирифта хоҳад шуд, намоён мешавад. Интиқолҳо тавассути замимаи “МегаФон Life” ба зиёда аз 60 кишварҳои ҷаҳон имконпазир аст.

Намои берунии қисми “Кэшбекҳо” нав карда шуд. Дизайни он шакли замонавӣ гирифта, навигатсияи он низ қулайтар шуд. Имкони азназаргузаронии таърих ва рӯйхати ҷойҳое, ки дар онҳо истифодабаранда имкон дорад аз шарикони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” кэшбек ба даст орад, пайдо шуд. Дар замима аз ҷиҳати маблағу миқдори кэшбекҳо ягон маҳдудияте ҷой надорад, онҳоро метавон ҳангоми анҷоми ҳар як пардохт ба даст овард. Теъдоди зиёди шарикони хизматрасонӣ бошанд, имкон медиҳанд, ки харидҳои муфид ҳарчи бештар анҷом дода шаванд.

Имконияти комилан нави замимаи “МегаФон Life” хизматрасонӣ барои ронандагони такси мебошад. Бо ёрии он ронандагони таксиро аллакай зарур намеояд, ки назди терминалҳои дар кӯчаҳо насбшуда ҳозир шуда, ҳангоми анҷоми пардохтҳои бо фаъолияти касбиашон вобаста пулҳои нақдро истифода баранд. Барои онҳо кофист, ки танҳо вориди “Ҳамён” – “Пардохтҳо” шуда, ба қисми “Такси” гузашта, ширкати лозимиро интихоб намоянд ва пардохтро ба воситаи тавозуни “Ҳамён” ё корти бақайдгирифташуда анҷом диҳанд.

“МегаФон Life” ҳар моҳ қулайтар мешавад. Замимаро боргирӣ карда, ба кор дароред ва масъалаҳои сершумори ҳаррӯзаи худро бо ёрии танҳо як Super App ҳал намоед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *