Ошӯбҳо дар Покистон. Эътирозгарон тирпарронӣ мекунанд

Мақомоти Покистон воҳидҳои артиши худро ба Исломобод барои фурӯ нишонидани ошӯбҳо фиристоданд.

«Неруҳои низомӣ ба шаҳр даъват карда шуд. Қӯшунҳо ҷойҳои гуногун ишғол мекунанд. Кормандони полис ва артиши Покистон барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд”,- навиштааст мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар “Твиттер”.

Тавре зикр гардид, эътирозгарон яке аз шуъбаҳои полис, инчунин як мошини зиреҳпӯш ва мошинҳои шахсиро оташ задаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи маъмурони ҳифзи ҳуқуқ, эътирозгарон тирпарронӣ мекунанд.

Эътирозҳо дар аксари шаҳрҳои Покистон шаби пеш оғоз шуданд. Сабаби ин боздошти сарвазири собиқ, раҳбари ҳизби мухолифи «Таҳрики Инсоф» Имрон Хон вавбаста ба парвандаи “Ал-Қодир” будааст. Аз рӯи тафтишот, сиёсатмадор ҳамроҳ бо ҳамсараш ва раҳбарони ҳизбаш барои таъсиси Донишгоҳи “Ал-Қодир” трест таъсис дода, бо ин амали худ ба хазина 50 миллиард рупия хисорот ворид кардааст. Додгоҳи Исломобод Хонро барои ҳашт рӯз боздошт кард.

Ба иттлои манбаъ, чанде пас аз боздошти сарвазири собиқ, ҳизби ӯ хостори тазоҳуроти оммавӣ дар саросари кишвар шуд. Дар навбати худ, мақомоти Покистон фармон доданд, ки ба музофоти Панҷоб ва Хайбар-Пахтунхва, ки дар онҷо эътирозҳои шадидтарин ба қайд гирифта мешаванд, воҳидҳои артишро фиристанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *