«Эсхата» ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқа баромад

Бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд, ки дар натиҷа дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд баъд аз пирӯзӣ бар «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ба зинаи якуми ҷадвали мусобиқа баромад.

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Ягона голро дар дақиқаи 23-юми бозӣ Дилшодҷон Каримов ба нишон расонд. Аз ҳайати «Файзканд» Ҷозеф Феумба ба иллати дағал бозӣ кардан дар дақиқаи 64-уми вохӯрӣ корти сурх гирифт. Дилшодҷон Каримов аз ҳайати дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд. Пас аз ин ғалаба дастпарварони Игор Суров ба садри ҷадвали мусобиқот баромаданд. Ҳоло даста дар ҳисоб 13 имтиёз дорад.

«Истиқлол»-и Душанбе як бозӣ дар ихтиёр дошта, ҳоло бо 11 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо 9 имтиёз дар зинаи 4-уми ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтааст.

Дар ҳамин давр «Хуҷанд» дар майдони худ аз КМВА бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ аз «Кӯктош» бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрд.

Дар даври ҳафтум «Эсхата» дар ноҳияи Фархор аз дастаи «Ҳосилот» бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуд. «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар варзишгоҳи «Нефтяник» ба муқобили дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби калони 5 бар 1 ғалаба кард. Ҳоло дар даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Рӯдакӣ бо дастаи «Кӯктош» рақобат мекунад. Вохӯрии дастаҳо 13-уми май дар варзишгоҳи «Нефтяник» доир мегардад. «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар даври навбатӣ 14-уми май бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *