Ошкор кардани маълумот дар бораи соҳибони ширкатҳо — меъёри нави ТШСИ

Аз соли 2016 меъёри (стандарти) Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) оид ба ошкор кардани соҳибмулкӣ (бенефитсиарӣ) тақозои ҳатмӣ шудааст.

Тоҷикистон ҳам ба мисли яке аз кишварҳои ҷорикунандаи стандартҳо бояд то соли 2020 ба ошкорнамоии маълумот дар бораи соҳибмулкони ширкатҳои истеҳсолӣ омода шавад. Дар ҳамоиши раёсати ТШСИ, ки моҳи феврали соли 2013 дар Осло гузашт, пас аз таҳқиқ ва андӯхтани донишҳо қарор доданд, ки маълумотро дар бораи  талабот оид ба ошкорнамоии ҳуқуқи соҳибмулкӣ (бенефитсиарӣ) ҷорӣ кунанд. Тоҷикистон ҳисоботро доир ба фарогирии ҳуқуқи  соҳибмулкӣ ҳанӯз дар соли 2014, ки лоиҳа санҷишӣ буд, омода кард. Тоҷикистон дар қатори 11 кишвар дигар иштирокчии лоиҳаи пилотӣ шуд. Моҳияти лоиҳаи санҷишӣ дар он буд, ки мавҷудияти чигунагии иттилоотро дар бораи ҳуқуқи соҳибмулкӣ  қонунгузории ҷумҳурӣ пешбинӣ карда буд. Зарур буд, ки тарафи сусташро ошкор намуда, тадбирҳои лозимӣ баҳри кори минбаъда аз рӯйи меъёр  муайян карда шавад. Барои он мусоҳибаҳоро бо иттилоотдиҳандагон, намояндагони ҷонибҳои мутаваҷҷеҳ ва таҳлилгарон доир карда, иттилоотро аз сарчашмаҳои кушода таҳлил карданд. Дар меъёр зикр мешавад, ки «шаффофияти пардохтҳои ширкатҳо ва ҳукумат барои баҳисобгирӣ муҳим аст, вале дар бобати ба шаҳрвандони кишвар гуфтани он ки ширкатҳои истеҳсолиро кӣ соҳибӣ карда, охирон аз фаъолияти ширкат фоида мебинад, зарурият дорад.

Дар аксар ҳолат номҳои аниқи соҳибони ширкатҳои соҳибмулкӣ, ки ҳуқуқи кофтани  нафт, газ ва минералҳоро гирифтаанд, маълум нест ва бештар дар паси силсилаҳои иншооти корпоративӣ пинҳон карда шудаанд. Дар бисёр кишварҳо сохторҳои идоракунандаи корпоратсияҳо маълумотро дар бораи соҳибони ширкатҳое, ки дар мамлакат ба қайд гирифта шудаанд, ҷамъ менамоянд, аммо ин реестерҳо аксаран маълумотро фақат дар бораи саҳмгузорон  (аксионерҳо) доранд, на аз рӯйи соҳибмулкони аниқ.

Соҳибмулк  кист?

Тибқи стандарти ТШСК истилоҳоти “ҳуқуқи соҳибкорӣ маънои «соҳибмулки фоидагиранда»-ро дорад ва вобаста ба ширкат шахс ё шахсонӣ воқеӣ маҳсуб меёбанд, ки ӯ бавосита ё бевосита соҳибияташ таҳти назорату корпоратсия қарор дорад. Ин шахси воқеӣ ё якчанд шахсони воқеӣ мебошад, ки онҳо ахиран ҳуқуқи соҳибмулкиро ноил мешаванд, инчунин ба таври ҳақиқӣ муштарӣ ё шахси воқеиро назорат мебаранд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ғояи ошкорнамоии соҳибмулкони ниҳоиро комилан ҷонибдор аст. Умуман, намояндагони сохторҳои давлатӣ (бахусус мақомоти андоз) низ лоиҳаи мазкурро дастгирӣ карданд. Ин ҳамчунин ба ошкорнамоии соҳибмулки ниҳоии корхона бо иштироки хориҷиён дахл дошт, то шарики хориҷиро бидонанд ва ба қадри имкон савдои саҳми моликиятӣ ва муҳимияти санҷиши маълумотро доир ба соҳибмулк назорат мебарад (тавре ки алҳол ҳангоми ба қайдгирӣ ва додани литсензияҳо маълумот танҳо дар самти амалиёти молиявӣ санҷида намешавад). Аммо намояндагони мақомоти давлатӣ зарурияти нишондодҳоро аз ҷониби Ҳукумат доир ба масъалаҳои ошкорнамоии маълумот оид ба дорандагони литсензияҳо ва соҳибмулкони онҳоро тасдиқ карданд.

Ҳуқуқи соҳибмулкӣ дар қонунҳои ҶТ

Дар ҳисобот оид ба  иштироки соҳибмулкӣ қайд мешавад, ки бо қарори Ҳукумат таҳти № 962 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия»-ро  тасдиқ кардааст, ки дар моддаи 14-и он «Чораҳо оид ба пешгирии шустани воситаҳои пулӣ» ошкорнамоии  иттилоотро дар бораи маълумоти дорандагони литсензияҳо ва соҳибмулкони онҳоро дар назар доранд.

Инчунин, Тоҷикистон қоидаҳои  «Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризми молиявӣ»-ро аз 9 декабри соли 1999 пазируфтааст,  ки дар моддаи 18-и он таъкидан омадааст:

— қабули қоидаҳои кушодани ҳисобҳои соҳибон ё соҳибмулконеро, ки идентифитсия кунонида нашудаанд ё  идентифитсия  карда шудаанд,  манъ мекунанд ва андешидани чораҳоро барои санҷиши иштирокчиёни ҳаққонии чунин амалиёт аз тарафи муассисаҳо таъмин менамоянд.

Истилоҳи «ҳуқуқи соҳибмулкӣ», ҳамчунин дар санадҳои мазкури қонунгузорӣ ва дастурҳои ҶТ ишора мешавад:

— истилоҳи «Соҳибмулк» дар зерматни «соҳибкори ниҳоии ҳиссаи афзалиятноки иштирок»  дар Қонуни ҶТ «Дар бораи  фаъолияти бонкӣ» №524 аз 19 майи соли 2009; шахси воқеӣ (дар моддаҳои мутааллиқ ба литсензиягирӣ (моддаи 9), ташкили филиалҳои  бонкҳои хориҷӣ (моддаи 12) ва ғайра;

—  дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти Бонки исломӣ», №1108 аз 26 июли соли 2014 истилоҳоти «Соҳибмулк» дар мафҳумҳои монанд истифода гардидааст;

— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аксуламал ба легализатсияи (шустани) даромадҳо аз роҳи ҷиноӣ  ва терроризми молиявӣ», №684 аз 25 марти соли 2011;

— дар моддаи 10-уми  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи захираҳои зеризаминӣ» (№983 аз 20 июли соли 1994) зикр шудааст: «истифодабарандагони  захираҳои зеризаминӣ метавонанд корхонаҳои давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ, муассисаҳо, ташкилот, субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ новобаста аз шакли моликият,  шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони дигар давлатҳо (агар дигарашро санадҳои қонунгузории   Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накарда бошад)», бошанд.

Дар нашри қонуни мазкур мафҳуми «Соҳибмулк» вуҷуд надорад ва талаботи иловагӣ ба истифодабарандагони захираҳои зеризаминӣ оварда  нашудааст.

Дар вақти наздик қабули Қонуни нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи захираҳои зеризаминӣ» ба нақша гирифта шудааст, ки муаллифони ҳисобот оид ба ҳуқуқи  соҳибкорӣ тавсия медиҳанд,  дар ин қонун низомномаи иловагӣ дар бораи соҳибмулк навишта шавад.

Хулоса аз ҳисобот

Бояд ба назар гирифт, ки Тоҷикистон кишвари иқтисодиёташ рушдёбанда буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёт фаъолона ҷаҳд мекунад.

Навгонии нормативӣ дар соҳаи ҳуқуқи соҳибмулкӣ дар навбати аввал метавонад ба ширкатҳои миёнае, ки ҳанӯз дар биржаҳои  фондӣ муваффақ нестанд ва онҳоро тадқиқот фаро нагирифтааст, таъсир расонад. Аммо ба ҳар ҳол, бояд ба назар гирифт, ки кишварҳои ҳамсояи минтақа  ва рақибони аслии Тоҷикистон оид ба ҷалбнамоии сармоягузорӣ — Ҷумҳурии Қирғизистон,  Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ меъёрҳои ҳуқуқи соҳибмулкиро татбиқ менамоянд ва муҳити ягонаи сармоягузорӣ дар маҷмӯъ барои рушди бозори минтақавӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Баъдан, то охири соли 2016 тасдиқ намудани  харитаи роҳҳо оид ба ҳуқуқи соҳибмулкӣ, ки коркардаш аллакай ба итмом расидааст, дар пеш аст. Харитаи  роҳҳо дар давоми се сол роҳандозӣ мешавад. Дар он тамоми тадбирҳое, ки барои татбиқи меъёрҳои ТШСИ доир ба ҳуқуқи бенефитсарӣ заруранд, ба назар гирифта шудаанд. Пас аз тасдиқи харитаи  роҳҳо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии ТШСИ он нашр шуда, барои шиносоӣ дастрас хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *